Ахбор

Мулоқот бо Шурои соҳибкорони Тоҷикистону Амрико


22 апрели соли равон дар шаҳри Вашингтон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳ.Ҳ., вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Ф.С., раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Ф.Н. ва Cафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Фаррух Ҳамрализода бо намояндагони Шурои соҳибкорони Тоҷикистону Амрико мулоқот намуд. Дар мулоқот дурнамои ҳамкорӣ ва имконоту иқтидори густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА баррасӣ гардид.

01.jpg

Таъкид шуд, ки тайи солҳои ҳамкорӣ байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои шарикии устувор ва фаъоли рушдкунанда фароҳам гардида, ҳарду кишвар дар муносибатҳои дуҷониба дар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи якдигар ҳамкории самаранокро анҷом медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳи кунунии муносибатҳои шарикӣ бо ИМА баҳои баланд дода, таҳким бахшидани равобити мутақобилан судманди тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо ин кишварро дар сиёсати хориҷии худ аз самтҳои муҳим мешуморад.

Зикр гардид, ки имрӯз қонунгузории кишвар барои ширкатҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҳуқуқ ва имтиёзҳои баробарро пешбинӣ менамояд. Дар робита ба ин, барои ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои судманди тиҷоратию иқтисодӣ ба таваҷҷуҳи соҳибкорону сармоягузорони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имконияту иқтидори самтҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, сайёҳӣ, инфрасохтори транзитӣ, саноатӣ ва коркарди маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза муаррифӣ гардид.

02.jpg

“Имрӯз дар Тоҷикистон иқтисоди бисёрсоҳа бо дурнамои рушд шакл гирифта, барои ҳавасмандгардонии сармоягузорон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Мо тамоми шароитро фароҳам меорем, ки сармоягузорон худро дар фазои эътимод ва боварӣ эҳсос намоянд ва лоиҳаҳои худро дар Тоҷикистон амалӣ созанд”, – қайд намуд муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ҷамъбасти мулоқот.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 2542

23.04.2025

Возврат к списку