24 апрел ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии кишварҳои электорати ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ширкат намуд. Дар кори ҷаласа доираи васеи масъалаҳои молиявӣ, аз қабили таъмини суботи иқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ бо назардошти хатарҳои геосиёсӣ, таҳкими дурнамои рушд, таъсири номуайянӣ ва хатарҳо дар пасманзари муноқишаҳои давомдор, инчунин дигар масоили аҳаммияти ҷаҳонӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини якуми Сарвазири кишвар Холиқзода Ҳ.Ҳ зимни суханронӣ аз нақши Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ёдоварӣ карда, қайд намуд, ки ҳамоиши мазкур аз лиҳози муколамаи бисёрҷониба ва омӯзиши таҷрибаи кишварҳои электорат ба ҳимояи манфиатҳои кишварҳои аъзо мусоидат менамояд. Таъкид гардид, ки ҳамкории наздик бо Бонки Ҷаҳонӣ асоси татбиқи бомуваффақияти лоиҳаҳои муҳимми инфрасохторӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ кишварҳои аъзои электорат буда, бо назардошти он ки воситаҳои қарздиҳии Хазинаи Байналмилалии Асъор барои қонеъ кардани ниёзҳои тағйирёбандаи кишварҳо пайваста такмил дода мешаванд, дастгирии Хазинаи Байналмилалии Асъор дар таъмини маблағгузории дарозмуддати дастрас барои тағйирёбии иқлим ва таъмини рушди устувор мувофиқи мақсад шуморида мешавад.
Зимни муҳокимаронӣ иштирокдорони ҷаласа доир ба таҷриба ва дастоварди кишварҳои худ дар самти рақамикунонии иқтисодиёт, рушди иқтисоди сабз, беҳсозии муҳити сармоягузорӣ ва густариши истифодаи воситаҳои молиявии устувор, ҳамзамон тавсеаи ҳамкорӣ бо институтҳои байналмилалии молиявӣ табодули назар намуданд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 1460
25.04.2025