Машварати мудирони ХБА аз кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ

Ахбор

Машварати мудирони ХБА аз кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ


24 апрел раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар машварати нисфирӯзии мудирони ХБА аз кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ ширкат варзид.

photo_2025-04-26_10-49-17.jpg

Дар ҳамоиш ба мудирони Хазинаи Байналмилалии Асъор аз кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ шарҳи вазъи монетарии минтақа манзур карда шуд.

Дар идомаи ҳамоиши нисфирӯзӣ иштирокдорон вобаста ба саволҳои рӯзномаи чорабинӣ, доир ба номуайяниҳо дар иқтисодии ҷаҳонӣ, ноустувории бозорҳои молиявӣ, маблағгузории лоиҳаҳо оид ба тағйирёбии иқлим, омода кардани бахшҳои молиявӣ ба ояндаи сабз, стратегияҳои баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ва устувории бахшҳои молиявӣ, нақши мақомоти идорӣ дар коҳиш додани хатарҳои марбут ба иқлим дар бахшҳои молиявӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Дар доираи барномаи ҷаласаҳои баҳорӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, дар мулоқоти вазирон ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ бо муовини директори идоракунандаи ХБА ҷаноби Бо Ли иштирок намуданд.

Дар ҳамоиши сатҳи баланд вазъи кунунии робитаҳои иқтисодӣ, тақвияти ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа ва узви электорат дар самти татбиқи барномаҳои ХБА, афзалиятҳо ба лоиҳаҳои маблағгузории сабз, рақамисозии иқтисодиёт, ҳамгироии равандҳои тиҷорат ва дигар самтҳои ҳамкорӣ муҳокима ва баррасӣ гардид.

photo_2025-04-26_09-11-06.jpg

Қайд гардид, ки ҷиҳати татбиқи ҳадаф ва нақшаҳои гузошташуда муколамаи доимӣ байни кишварҳои узви электорат ва Хазинаи Байналмилалии Асъор муҳим буда, ба суботи молиявӣ ва рушди устувори иқтисодӣ мусоидат мекунад.

 

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 1938

25.04.2025

Возврат к списку