Бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкор “Кадбону” 24 апрел дар толори “Hyatt Regency Dushanbe” озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдорӣ” ва “25 беҳтарин соҳибкорзани муваффақи Тоҷикистон” ҷамъбаст гардид.
Дар маросими ифтитоҳӣ муовини раиси БМТ Назирӣ Гулбаҳор Назир изҳор дошт, ки дар кишвар шумораи зиёди занону бонувон дар баробари фаъолият дар бахшҳои сиёсати давлатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ, низоми бонкиву молия, инчунин ба фаъолияти соҳибкорӣ шуғл варзида, дар рушду нумуи кишвар саҳм мегузоранд. БМТ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат барои дастгирии соҳибкории бонувон тавассути зиёд намудани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои молиявӣ тадбирҳои муайян ва заруриро анҷом дода истодааст. Қайд гардид, ки ба санаи 31 марти соли 2025 дар кишвар 66 ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолият менамоянд ва аз ҷониби онҳо ба зиёда аз 910 ҳазор нафар занону бонувон ба маблағи беш аз 6,2 млрд сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2023 ба андозаи 28,7 фоиз зиёд мебошад. Дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба бонувон пешниҳодшуда 24,8 миллиард сомониро ташкил додааст. Инчунин, теъдоди бонувон дар низоми бонкӣ сол аз сол тамоюли зиёдшавиро касб намуда, дар ин давра қариб 41 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли қаблӣ 843 нафар зиёд мебошад.
Дар идома аз ҷониби кумитаи тадорукот ва сарпарастон ғолибони озмунҳо аз рӯи чанд номинатсия: барои фаъолияти назаррасу намунавӣ, таҷрибаву малакаи волои касбӣ, саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти соҳаи бонкдории мамлакат, соҳибкорӣ ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои ҷамъиятиву фарҳангӣ дар вазъи тантанавӣ бо мукофотҳо қадрдонӣ шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки баргузории чунин озмунҳо ба фароҳам овардани шароити мусоиди рушди соҳибкории бонувон, ҳавасмандгардонии онҳо, тавсеаи имкониятҳо дар бозори меҳнат ва ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар соҳаи шуғл мусоидат карда, дастрасии бонувонро ба захираҳои қарзӣ афзун ва мустақилияти молиявиашонро таъмин менамояд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2465
25.04.2025