Мулоқот бо роҳбарияти ICBC ва RAMP

Ахбор

Мулоқот бо роҳбарияти ICBC ва RAMP


Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар доираи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтон бо ҳайати Бонки саноатӣ ва тиҷоратии Чин (ICBC) мулоқот намуд.

photo_2025-04-26_09-14-33.jpg

Дар мулоқот ҷонибҳо ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба таваҷҷуҳ зоҳир намуда, доир ба масъалаҳои ҷорӣ, аз қабили хизматрасонии хазинадорӣ, идора намудани дороиҳо, имконияти кушодани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои тиҷоратӣ, васеъ намудани амалиёт тавассути суратҳисобҳои муросилотӣ, инчунин тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои минбаъда суҳбати судманд анҷом доданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаҳои баҳорӣ инчунин бо директори департаменти идоракунии дороиҳо, машварат ва идоракунии захираҳои хазинадории Бонки Ҷаҳонӣ (RAMP) хонум Катаржина Зайдел-Куровск вохӯрд.

photo_2025-04-26_09-14-16.jpg

Ҷонибҳо зимни ин мулоқот оид ба нақши бонкҳои марказӣ дар идоракунии дороиҳо, сармоягузорӣ ба воситаҳои молиявии пардохтпазир ва баландсифат, диверсификатсияи захираҳои байналмилалӣ, такмили ихтисоси кормандон тавассути иштирок дар семинарҳо, барномаҳои таълимиву таҷрибаомӯзӣ ва кӯмаки техникии машваратӣ барои баланд бардоштани самаранокии фаъолият табодули назар намуданд.

Шуъбаи матбуот

 

 

 

Telegram  Facebook

Диданд: 2213

28.04.2025

Возврат к списку