Аз 21 то 23 апрели соли 2025 дар доираи иҷрои Стратегияи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва барномаи тасдиқшудаи омӯзишӣ барои бозомӯзии кормандони бонкҳои марказии (миллии) аъзои Шурои АвруОсиё барои соли 2025 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Татбиқи сиёсати пулию қарзӣ дар шароити муосир” гузаронида шуд. Дар машғулиятҳои омӯзишӣ намояндагони бонкҳои марказии (миллии) ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Беларус, Тоҷикистон ва Федератсияи Россия иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузор намудани семинар мубодилаи таҷриба, гирифтани маълумот оид ба пардохтпазирии низоми бонкӣ ва усулҳои дуруст ба роҳ мондани он, инчунин тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд миёни бонкҳои марказӣ мебошад.
Дар машғулиятҳо аз ҷониби мутахассисони идораи бозори молиявӣ ва департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушди Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони дигар бонкҳои марказӣ тавассути пешниҳоди рӯнамоҳо роҷеъ ба пешбурди сиёсати пулию қарзӣ, аз ҷумла вобаста ба модернизатсияи захираҳои ҳатмӣ барои сиёсати самараноки пулию қарзӣ, таҷрибаи амалии татбиқи воситаҳои амалиётии сиёсати пулию қарзӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон, механизми дурнамои пардохтпазирии низоми бонкӣ, нишондиҳандаҳои бозори байнибонкӣ, ҳамзамон нақши сиёсати коммуникатсионӣ дар татбиқи сиёсати пулию қарзӣ барои иштирокдорон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Инчунин дар кори семинар иштирокдорон вобаста ба мавзуҳои баррасишаванда, аз ҷумла сохтор ва истифодаи воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ, таъсири онҳо ба нишондиҳнадаҳои монетарию макроиқтисодӣ, муҳиммияти механизми дурнамои пардохтпазирии низоми бонкӣ табодули андеша намуданд.
Бояд қайд намуд, ки механизми дурнамои пардохтпазирӣ раванди баҳодиҳии сатҳи пардохтпазирии низоми бонкӣ ва молиявиро барои давраи оянда (кӯтоҳмуддат ва дарозмуҳлат) дар бар гирифта, дар асоси он фишангҳои доимоамалкунандаи монетарӣ мавриди истифода қарор дода шуда, ба таъмини муътадилии ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, пешгирии омилҳои монетарии таваррумӣ ва фишорҳои қурбӣ мусоидат менамояд.
Дар қисмати ҷамъбастӣ ба ҳамаи иштирокдорон ҷиҳати ширкати фаъолона дар машғулиятҳои омӯзишӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон сертификат супорида шуд.
Идораи бозори молиявӣ
Диданд: 1905
24.04.2025