25 апрели соли 2025 ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода ва иштироки намояндагони мақомоти дахлдор баргузор гардид.
Роҳбари Комиссия бо назардошти тағйироти солҳои охир дар тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ), ки асосан ба фаъолияти мақомоти танзим ва назорати давлатӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равона шудаанд, мутобиқ намудани низоми миллии кишвар ва бо ин васила иҷро кардани талаботи тавсияҳои зикршударо дар ҳамбастагӣ зарур шуморид.
Зикр гардид, ки бо вуҷуди пешравиҳо баъд аз баҳодиҳии даври дуюми кишвар дар татбиқи тавсияҳои ФАТФ, талаботҳо дар даври сеюми баҳогузорӣ боз ҳам пурзӯр гардида, тавсияҳои ФАТФ (солҳои 2023-2024) аз сари нав баҳогузорӣ карда мешаванд. Баҳогузории даври сеюм барои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.
Дар кори ҷаласа масъалаҳои марбут ба иҷрои қарорҳои Пайнавишти ҷаласаи қаблии Комиссия, Ҳисоботи дуюм оид ба баҳодиҳии хавфи миллии ҚД/МТ/МПСҚО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳисобот оид ба баҳодиҳии хавфҳои шахсони ҳуқуқӣ ва созмонҳои ҳуқуқӣ дар самти ҚД/МТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои марбут ба мубодилаи иттилоот байни департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин масъалаҳои ҷойдоштаи рӯйхатҳои таҳримӣ, аз ҷумла рӯйхати миллӣ ва рӯйхати Маркази зиддитеррористии ИДМ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, ҳисоботҳои мазкур тасдиқ карда шуданд.
Қайд гардид, ки қабули ҳисоботи дуюми кишвар оид ба баҳодиҳии хавфи миллӣ (тавсияи 1 – баҳодиҳии хавф ва истифодаи муносибати (равиши) ба хавф равонашуда) ва аввалин ҳисобот оид ба баҳодиҳии хавфҳои шахсони ҳуқуқӣ ва созмонҳои ҳуқуқӣ дар самти қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда (тавсияҳои – 24 шаффофият ва молик-бенефитсиари шахсони ҳуқуқӣ ва 25 – шаффофият ва молик-бенефитсиари созмонҳои ҳуқуқӣ) барои баланд бардоштани радабандии кишвар аз рӯи тавсияҳои зикршуда мусоидат менамояд.
Зимни муҳокимаронии рӯзномаи ҷаласа бо мақсади омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО таҳия намудани Нақшаи чорабиниҳо дар ҳамоҳангӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва пешниҳод намудани он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул карда шуд.
Дар интиҳо, роҳбари Комиссия иштирокдорони ҷаласаро бо фарорасии 80-умин солгарди Рӯзи ғалаба бар фашизм - ҳамчун нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонии падарони шуҳратманд табрик намуда, ҳамагонро барои бо ҳисси масъулияти баланд иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ даъват намуд.
Департаменти мониторинги молиявӣ
Диданд: 2355
25.04.2025