Дар бораи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии Бима”

Ахбор

Дар бораи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии Бима”


Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” бинобар сабаби тағйир ёфтани номи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Бима” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳудуди “Ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии Бима” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи қоидаҳои мувофиқашудаи намудҳои суғурта тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома дода шуд.

Иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Бима”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2024, №47 ҷиҳати амалисозии фаъолияти суғуртавӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.


Шуъбаи матбуоти
БМТ

Telegram  Facebook

Диданд: 314

30.04.2025

Возврат к списку