Ахбор

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд


Дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Алҷазираи Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир (19-22 майи соли 2025) ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумули вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин (роҳбари ҳайат), муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Фируз Ҳомиддин, муовини якуми вазири молия Маҷидӣ Юсуф ва раиси КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” Бобозода Ҳокимшоҳ бо як қатор роҳбарони ташкилотҳои молиявии байналмилалии минтақа мулоқот анҷом дод.

photo_01.jpg

Аз ҷумла, дар вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷассер ҷонибҳо масъалаҳои густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноату кишоварзӣ, нақлиёт, ташкили марказҳои логистикӣ, рушди сайёҳӣ ва бонкдориро муҳокима карда, дар шароити имрӯзаи тағйирёбии иқлим зарурати рушди “иқтисоди сабз”, рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз”-ро дар соҳаҳои гуногуни иқтисод муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар мулоқоти ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо (ITFC) ҷаноби Адиб Яҳё ал-Аама раванди иҷрои Созишномаи усулии маблағгузорӣ барои солҳои 2023–2026 муҳокима ва баррасӣ гардид. Дар вохӯрӣ инчунин пешниҳод шуд, ки маблағгузорӣ ба самтҳои истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, нассоҷӣ ва рушди инфрасохтор зиёд карда шавад.

photo_02.jpg

Ҷонибҳо уҳдадории худро оид ба мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки муколамаи мазкур метавонад барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи маблағгузории тиҷоратӣ ва пешбурди ташаббусҳо, ба монанди барномаи TCCA+, ки ба тавсеаи тиҷорати минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст, имкон фароҳам оварад.

Дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин бо ҳайати Фонди рушди Саудӣ мулоқот анҷом дод. Дар вохӯрӣ масоили лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла энергетика, кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ баррасӣ гардиданд. Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамзамон оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша намуданд.

photo_03.jpg

Маврид ба зикр аст, ки нишасти солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд яке аз чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ дар соҳаи молияи исломӣ шинохта шуда, дар он масъалаҳои рушди бонкдорӣ, молияи исломӣ ва таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Иштирок дар чунин нишастҳо имкони мубодилаи таҷриба, пешбурди ташаббусҳо ва густариши ҳамкориҳои мутақобиларо дар сатҳи байналмилалӣ фароҳам месозад. Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзиму назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва масъули муайян намудани талабот ва меъёрҳои танзими назорати бонкдории исломӣ бо Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд ҳамкории наздик ва мутақобилан судманд ба роҳ мондааст.

Шуъбаи матбуот

 

Telegram  Facebook

Диданд: 2531

19.05.2025

Возврат к списку