Ахбор

Вохӯрӣ бо ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд


19 майи соли 2025 дар мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои рушди иқтисод барои солҳои 2024-2029 баррасӣ ва муҳокима гардиданд.

NBTL3175.jpg

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода аз ҳамкории бисёрсола бо БАТР - ҳамчун шарики боэътимоду устувор изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки тавассути ҳамкории босамар имрӯз дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, бахусус низоми бонкӣ лоиҳаҳои зиёд амалӣ шуда истодаанд. Татбиқи лоиҳаҳои муштарак имкон дод, ки пешравиҳои назаррас дар самти баланд бардоштани сатҳи идоракунии корпоративӣ, рушди бозори пул ва сармоя, такмили сиёсати пулию қарзӣ ва рушди бахши суғуртаи кишвар ба даст оянд.

NBTL3172.jpg

Ҷонибҳо зимни мулоқот доир ба роҳандозии ҳамкорӣ бо мақсади таҳкими иқтидори назорати суғуртавӣ, таҳия ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, рақамикунонии хизматрасониҳои соҳаи суғурта, гузаронидани чорабиниҳо оид ба саводнокии аҳолӣ дар ин самт, инчунин принсипҳои идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ, таҳлили хатарҳои иқлимӣ дар муассисаҳои молиявӣ ва рушди бозори маблағгузории сабз суҳбат намуданд.

Таъкид гардид, ки ислоҳоти институтсионалии низоми молиявии сабз барои бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» ислоҳоти институтсионалиро оид ба ҷалби маблағгузории сабз ҳадаф қарор додааст.

NBTL3184.jpg

Муовини директор оид ба стратегияи сиёсати иқтисодии БАТР ҷаноби Либор Кркоска ва роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон ҷаноби Холгер Вифел ҷалби лоиҳаҳо ба рушди бахши хусусӣ, таҳкими устувории низоми молиявӣ, суръат бахшидан ба модернизатсияи иқтисодӣ, ташаккули иқтисодиёти сабз, тақвияти идоракунии корпоративӣ ва рушди низоми молиявиро аз самтҳои муҳимми дурнамои ҳамкорӣ арзёбӣ намуданд.

Шуъбаи матбуот

 

 

Telegram  Facebook

Диданд: 2965

20.05.2025

Возврат к списку