Ахбор

Баррасии тақвияти низоми молиявӣ дар мулоқот бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ


20 майи соли ҷорӣ дар доираи татбиқи барномаи “Тақвияти низоми молиявӣ дар Тоҷикистон – марҳилаи II” муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ — роҳбари бахши молиявии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Пиетро Каличе, аъзои гурӯҳ Анита Окемини ва Моника Арутюнян мулоқот анҷом дод.

NBTL3262.JPG

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкориро, ки ба таҳкими устуворӣ, шаффофияти низоми молиявӣ ва густариши фарогирии молиявӣ дар кишвар равона шудаанд, мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ ба ташкили веб-портали ягона барои муқоисаи нархҳо ва шароити хизматрасониҳои молиявӣ, ки ба таҳкими ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, рушди муҳити рақобатпазир дар бахши бонкдорӣ ва боло бурдани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

NBTL3316.JPG

Зимни мулоқот инчунин дигар масъалаҳои корӣ, аз ҷумла, нақшаи минбаъдаи омодасозии дастурамалҳои методӣ барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ оид ба интиқол ва навсозии маълумот, озмоиши платформаи мазкур бо иштироки ҷонибҳои манфиатдор, инчунин сайқал додани малакаи касбии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар шароити гузариш ба рақамикунонии бахши молия муҳокима гардиданд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 3744

20.05.2025

Возврат к списку