21 майи соли 2025 дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ лоиҳаи нави IFC Барномаи кафолати қарзҳои хурд (Small Loan Guarantee Program) мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт. Барномаи мазкур бо мақсади дастгирии молиявии корхонаҳои хурду миёна таҳия гардида, қадами муҳим дар роҳи бартараф намудани камбуди маблағгузорӣ дар ин бахш ва мусоидат ба дастрасии молиявӣ дар кишвар мебошад.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон қайд намуд, ки корхонаҳои хурду миёна асоси иқтисодиётро ташкил намуда, дар рушди кишвар саҳми назаррас доранд. Аммо бо назардошти эҳсоси хавфҳои баланд ва набудани механизмҳои мувофиқи кафолатдиҳанда дастрасӣ ба маблағгузорӣ барои чунин корхонаҳо то ҳол маҳдуд боқӣ мондааст. Дар ин замина, пешниҳоди Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ як роҳи амалии инноватсионӣ ба ҳисоб меравад. Ин ҳолат барои муассисаҳои молиявӣ шароит фароҳам меорад, ки бозори ҳадафноки худро васеъ ва маҳсулоту хизматрасониҳои нави қарзиро озмоиш намоянд.
Директори аршади молиявии IFC ҷаноби Уалид Аммар зимни мулоқот изҳор дошт, ки Барномаи кафолати қарзҳои хурд доираи васеи корхонаҳои хурду миёнаро фаро мегирад, вале ба густариши дастрасии қарз барои он корхонаҳое, ки аз ҷониби низоми молиявӣ ба таври кофӣ хизматрасонӣ надоранд, таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Аз ҷумла корхонаҳои хурду миёнаи мутааллиқ ба занон, корхонаҳое, ки дар оғози марҳилаи рушд қарор доранд, корхонаҳое, ки фаъолияташон ба кишоварзӣ ва муҳити зисту иқлим дахл дорад. Барномаи мазкур на танҳо хавфҳоро барои муассисаҳои молиявӣ коҳиш медиҳад, балки барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, хусусан дар минтақаҳои деҳот ва миёни гурӯҳҳои осебпазир имкон фароҳам меорад.
Дар интиҳо гуфта шуд, ки БМТ ташаббуси мазкурро саривақтӣ шуморида, онро дар ҳамоҳангӣ бо бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои хурди маблағгузорӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дастгирӣ менамояд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2576
21.05.2025