Баррасии лоиҳаи “Таҳкими бахши молиявии Тоҷикистон”

Ахбор

Баррасии лоиҳаи “Таҳкими бахши молиявии Тоҷикистон”


22 майи соли 2025 ҷиҳати тақвият бахшидан ба муносибатҳои дуҷониба ва баррасии ҳамкории минбаъда як ҳайати Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ иборат аз иқтисодчиёни аршади бахшҳои молия ва хусусӣ, инчунин намояндагони Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.

NBTL3635.JPG

Дар вохӯрии мазкур, ки бо иштироки раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода сурат гирифт, масъалаҳои тақвияти бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути танзим ва назорати микропруденсалӣ (принсипҳои Базел II ва III), таҳкими фаъолияти идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, суғуртаи амонатҳо, пасандозҳо, низоми пардохт ва бозори молиявӣ дар доираи лоиҳаи “Таҳкими бахши молиявии Тоҷикистон” мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.

Зимни муҳокима ҷонибҳо инчунин оид ба натиҷаҳои лоиҳа ва мусоидати он ба таҳкими бахши суботи молиявӣ, такмили механизми танзими ташкилотҳои қарзии молиявӣ, назорати ба хавф нигаронидашуда, назорати низомҳои пардохт, меъёрҳои назорати ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва идоракунии корпоративӣ дар низоми бонкӣ фикру андешаҳои худро баён намуда, доир ба таъсири лоиҳа ба бахши молиявии кишвар ва натиҷаҳои он маълумот гирифтанд.

NBTL3559.JPG

Маврид ба зикр аст, ки ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ аз санаи 18 то 30 майи соли равон бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо намояндагони вазорату идораҳои бахши иқтисодии кишвар мулоқот анҷом хоҳад дод.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 2637

22.05.2025

Возврат к списку