Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонем, ки маълумоте, ки тайи чанд рӯз тавассути баъзе сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ба фаъолият оғоз кардани биржаи криптоасъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор мешавад, асос надорад. Дар хабар аз номи раиси Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дода шудааст, аммо гуфта намешавад, ки суханронии мазкур дар куҷо, кай ва бо иштироки киҳо сурат гирифтааст.
Дар шароити пешрафти технологияи рақамӣ ва рушди зеҳни сунъӣ сохтан ва паҳн кардани хабару акс ва ҳатто видеоҳои фейкӣ хеле осон шуда, хатари паҳн гардидан ва истифодаи маълумоти бардуруғ дар ҷомеа нисбатан зиёд гаштааст.
Бо назардошти гуфтаҳои боло, барои пешгирӣ ва кам кардани оқибатҳои манфии иттилооти беасос Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки ба хабарҳои сомонаҳои шубҳанок бовар накарда, танҳо аз маълумоти сомонаҳои расмии вазорату идораҳои давлатӣ истифода баранд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2665
23.05.2025