Мулоқот бо директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ

Ахбор

Мулоқот бо директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ


27 майи соли ҷорӣ дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо директори минтақавии кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои рушди одилонаи молия ва муассисот - ҷаноби Асад Алам раванди татбиқи лоиҳаҳои ҷорӣ, самтҳои муҳимми ҳамкорӣ, аз ҷумла рушди фарогирии молиявӣ ва иқтисоди ғайринақдӣ, инчунин омӯзиши самтҳои нави шарикӣ барои дастгирии мақсадҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар муҳокима гардиданд.

001.jpg

Зимни мулоқот доир ба лоиҳаҳои рушди бахши молиявӣ ва хусусӣ, дастгирии сиёсати рушд ва таҳкими бахши молиявӣ дар Тоҷикистон табодули назар сурат гирифта, қайд карда шуд, ки лоиҳаҳои мазкур бомуваффақият амалӣ гардида, дар доираи татбиқи матритсаи ислоҳот тадбирҳои зарурӣ оид ба зиёд намудани самаранокии бахши молиявӣ ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ роҳандозӣ карда шуданд. Айни замон, дар доираи марҳилаи 2-юми лоиҳаи «Таҳкими бахши молиявӣ дар Тоҷикистон» ва лоиҳаи «Рушди бахши молиявӣ ва хусусӣ» корҳои муайян идома доранд.

002.jpg

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба фарогирии молиявӣ дар кишвар изҳор дошт, ки низоми бонкӣ бо мақсади густариши пардохтҳои ғайринақдӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои инноватсионӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳои молиявӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ташкилотҳои қарзии молиявӣ феълан технологияҳои муосири хизматрасониҳои бонкии фосилавӣ, аз қабили кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, бонкдории мобилӣ, интернет-банкинг, пардохт тавассути POS-терминалҳо ва QR-рамзҳоро мавриди истифода қарор додаанд.

003.jpg

Дар мулоқот инчунин масъалаҳо оид ба самтҳои нави шарикӣ дар бахши суғурта, тағйирёбии иқлим ва баробарии гендерӣ баррасӣ шуданд.
Дар маҷмуъ, мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, ҷонибҳо ҷиҳати идома додани ҳамкорӣ омодагии худро изҳор намуданд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 2212

28.05.2025

Возврат к списку