Иштироки Сироҷиддин Салом дар ҷаласаи СҲШ дар Пекин

Ахбор

Иштироки Сироҷиддин Салом дар ҷаласаи СҲШ дар Пекин


3 июни соли 2025 муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин Салом дар вохӯрии вазирони молия ва роҳбарони бонкҳои марказии (миллии) кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки дар шаҳри Пекин таҳти раёсати ҷониби Чин баргузор гардид, ба таври маҷозӣ иштирок намуд.

photo_2025-06-03_14-19-52 (2).jpg

Дар нишасти мазкур ҷонибҳо вазъи сиёсию макроиқтисодии ҷаҳон ва пешбурди ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти буҷет ва молия (аз ҷумла таъсиси платформаи маблағгузорӣ ва шабакаи марказҳои таҳлилии СҲШ оид ба молия, рушди маблағгузории фарогири рақамӣ, тавсеаи минбаъдаи истифодаи асъори миллии давлатҳои аъзои СҲШ дар бахши тиҷорат ва сармоягузории минтақавӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила дар доираи созмон), тадбирҳои рафъи мушкилоти фаромиллии пулию қарзӣ, таъмини амният, сулҳу субот дар минтақа, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва тавсеа ёфтани ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Қайд карда шуд, ки ба роҳ мондани ҳамкории самараноки иқтисодӣ, табодули таҷриба ва машваратҳои пайваста миёни давлатҳои аъзо оид ба ташкили механизми молиявӣ метавонад ба рушди устувори кишварҳо мусоидат намояд.

Дар идома барои таъсиси Бонки рушди СҲШ намояндагони кишварҳои аъзо қарори дахлдор қабул намуда, ҷиҳати татбиқи он омодагии хешро изҳор доштанд.

Маврид ба зикр аст, ки даҳ кишвар, аз ҷумла Чин, Русия, Белорус, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон аъзои СҲШ буда, чанд кишвари дигар ба ҳайси нозир ва шарикони муколама ба он шомил мебошанд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 1895

04.06.2025

Возврат к списку