Санаи 11 июни соли 2025 бо мақсади таъмини заминаҳо барои гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум, иҷрои муқаррароти “Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва давраи миёнамуҳлат”, “Стратегияи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва “Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI) бо ХБА то соли 2025” ҷорӣ намудани фишанги такмилёфтаи сиёсати пулию қарзӣ - Механизми миёнакунонии захираҳои ҳатмӣ аз ҷониби идораи бозори молиявӣ рӯнамоӣ дар мавзӯи “Модернизатсияи захираҳои ҳатмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон–пешбурди самараноки сиёсати пулию қарзӣ” гузаронида шуд. Дар рунамоӣ намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявии мамлакат ва воҳидҳои сохтории дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузор намудани рӯнамоӣ муаррифӣ намудани гузариш ба механизми миёнакунонии захираҳои ҳатмӣ ва усулҳои дуруст ба роҳ мондани он, ҳамзамон тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобила бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки татбиқи механизми миёнакунонии захираҳои ҳатмӣ ба самаранокии идора ва идоракунии пардохтпазирӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ, рушди бозори байнибонкӣ, такмили танзим ва пешбурди дурнамои (Liquidity Forecasting) пардохтпазирии низоми бонкӣ, инчунин тақвияти механизми трансмиссионии сиёсати пулию қарзӣ мусоидат менамояд.
Дар рӯнамоӣ бартарияти модернизатсияи захираҳои ҳатмӣ дар татбиқи сиёсати самараноки пулию қарзӣ ва таҷрибаи амалии татбиқи он дар Бонки миллии Тоҷикистон барои иштирокдорон пешниҳод гардид. Инчунин иштирокдорон вобаста ба мавзуъҳои баррасишаванда, аз ҷумла сохтор ва истифодаи воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ, таъсири онҳо ба нишондиҳнадаҳои монетарию макроиқтисодӣ, муҳиммияти механизми дурнамои пардохтпазирии низоми бонкӣ табодули андеша намуданд.

Дар қисмати ҷамъбастии рӯнамоӣ намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба саволҳои худ оид ба ташаккули захираҳои ҳатмӣ, танзими маблағҳои он ва дигар паҳлуҳои асосии механизми миёнакунии захираҳои ҳатмӣ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Идораи бозори молиявӣ
Диданд: 2900
13.06.2025