16 июни соли 2025 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо намояндаи нашрияи байналмилалии “The Investor” ҷаноби Леонардо Словински мусоҳиба анҷом дод.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо оид ба зарурати нашри маводи дахлдор роҷеъ ба ҷолибияти фазои сармоягузорӣ ба иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкии кишвар дар нашрияи мазкур табодули назар намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон намояндаи нашрияи мазкурро мухтасар бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуд. Зикр гардид, ки феълан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақим ва фаъолияти озоду бемамониати сармоягузорони хориҷӣ дар бахши иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ, шароити созгор ва заминаи меъёрию ҳуқуқии мукаммал фароҳам оварда шудааст, ки фаъолияти назарраси чандин ташкилотҳои молиявӣ аз он гувоҳӣ медиҳад.
Ҷаноби Леонардо Словински дар навбати худ қайд кард, ки нақша дорад дар шумораи навбатии маҷаллаи “The Investor” имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ, робитаи мустақимро бо шабакаи ҷаҳонии сармоягузорон барқарор ва таваҷҷуҳи ҷомеаи сармоягузориро ба соҳаҳои калидии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намояд.

PS: Маврид ба зикр аст, ки “The Investor” – ширкати байналмилалии нашриётӣ оид ба муаррифии имкониятҳои сармоягузории кишварҳо буда, 165 ҳазор сармоягузор ва роҳбарони ширкатҳоро аз 48 кишвари дунё фаро мегирад, ки ҳаҷми умумии сармояи он зиёда аз 60 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2834
17.06.2025