Ахбор

Ҳифзи сулҳу амнияти кишвар рисолати муқаддаси умумимиллӣ мебошад


Ба истиқболи 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ санаи 26 июни соли 2025 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони бонк ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.

1[1].jpg

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода зимни суханронӣ аҳли нишастро бо ин санаи фархунда табрик гуфта, қайд кард, ки ҷашни Ваҳдати миллӣ таҷассуми иттиҳоди ҳамаи сокинони мамлакат ва якпорчагии кишвар мебошад.

“Ваҳдати миллӣ дар баробари истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистон буда, таҷлили он далели возеҳи арҷгузории мардуми кишвар ба арзишҳои муқаддас ҳамчун сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва амнияту осоиш мебошад. Суханронӣ дар бораи Ваҳдати миллӣ бе ёдоварӣ аз сайъу талош, заҳмат ва ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нопурра мемонад.

2[1].jpg

Қобили зикр аст, ки заминаи асосии сулҳу ваҳдати миллӣ ҳанӯз дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии кишвар гузошта шуда буд. Дар ҷараёни ин иҷлосия аз ҷониби роҳбарияти тозаинтихоби давлат ба хотири қатъи ҷангу хунрезӣ аввалин иқдомоти муҳим, аз ҷумла ба ҳам овардани роҳбарони гурӯҳҳои ба якдигар мухолиф амалӣ гардиданд ва нахустин қадамҳо ба сӯи сулҳу оромӣ гузошта шуданд. То расидан ба ваҳдати комил миёни ҷонибҳо музокироти зиёд гузаронида шуда, натиҷаи музокиротҳо бо санадҳои зиёд ба расмият дароварда шуданд. Пешвои муаззами миллат бо мақсади аз байн бурдани ихтилофҳо ҳамеша ҷонибҳоро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва муросо даъват намудаанд. Ин ҳама шуҷоатмандию ватанхоҳӣ ва қаҳрамониву ваҳдатсароӣ боис гардид, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба имзо расад.

3[1].jpg

Воқеан таҳкими дастовардҳои истиқлол, бунёди пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини амнияту оромӣ, татбиқи чор ҳадафи стратегӣ, тақвияти иқтидори иқтисодию иҷтимоӣ, хулоса рушди рӯзафзуни Ватани азизамон маҳз ба туфайли ваҳдати миллӣ имконпазир гардид.

Ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу субот дар кишвар талаб мекунад, ки мо бояд мунтазам саъйу талош кунем, то аз раванди босуръати тараққиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ қафо намонем, наслҳои имрӯзу ояндаро ба сӯйи тамаддуни муосир, яъне дастовардҳои илму фан, техникаву технологияи нав, аз ҷумла татбиқи онҳо дар низоми бонкдории мамлакат, воситаҳои иттилоотии замонавӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ташвиқу раҳнамоӣ созем”–зикр намуд Ф. Шарифзода.

4[1].jpg

Сардори шуъбаи тарҷумаи дастгоҳи роҳбарияти бонк Султон Ҳасан Баротзода зимни суханронӣ аз нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлату давлатдорӣ сухан карда, иброз дошт, ки “тайи 28 соли ваҳдати миллӣ дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат мардуми мо ба дастоварду пешравиҳои назаррас ноил гардида, дар кишвар шароити мусоиди зиндагӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳар яки мо имрӯз бояд хуб дарк намоем, ки азамату қудрат ва тавоноии миллат ва давлат бо устувориву пойдории мавҷудияти ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил пайванди ногусастанӣ дорад”.

Дар навбати худ, сардори идораи ҳуқуқи БМТ Расулов Беҳзод доир ба таърихи Ваҳдати миллӣ ҳарф зада, қайд намуд, ки ин ҷашн ҳамчун санаи муқаддас ва сарнавиштсози миллати тоҷик дар таъмини суботи сиёсӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ нақши бузург дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳиб шудан ба истиқлоли давлатӣ ба чолишҳои сангин рӯ ба рӯ шуд. Дар кишвар ҷанги таҳмилӣ сар зад, ки омилҳои дохиливу ҳам хориҷӣ дошт ваҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданду садҳо ҳазор кишварро тарк карданд. Имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ роҳи наҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Ин созишнома бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, ба сулҳи пойдор дар кишвар замина гузошт.

5[1].jpg

Ҳамин тавр, намояндагони Шурои ҷавонон ва бонувони бонк низ дар робита ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Ватан сухан гуфта, иштирокдоронро бо ин ҷашни муҳим муборакбод намуданд.

Зимни чорабинӣ муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода инчунин аз иштироки фаъолонаи кормандон, хусусан занону бонувони бонк дар чорабиниҳои байналмилалӣ сухан гуфт. Аз ҷумла, номбурда аз қадрдонии сардори шуъбаи назорати бонкдории исломии департаменти назорати бонкии БМТ Кибриё Уроқова ба сифати яке аз занҳои бонуфуз дар тиҷорат ва молияи исломӣ дар минтақаи ИДМ ва эътирофи ӯ ҳамчун “Бонуи соҳибкасби соли 2025”дар Форуми молия ва тиҷорати исломӣ, ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, изҳори хушнудӣ намуда, мавсуфро бо гирифтани ин ҷоизаву мақом табрику таҳният намуд.

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар охир бори дигар аҳли нишастро ба рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, бо таъкид аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро хотима бахшид: “Таҳкиму тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи сулҳу амнияти кишвар барои мо вазифа ва рисолати муқаддасу муқаддами умумимиллӣ ва умумихалқӣ мебошад”.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 2742

26.06.2025

Возврат к списку