Ба ҶСП ТАҚХ “Зинда Капитал” иҷозатнома дода шуд

Ахбор

Ба ҶСП ТАҚХ “Зинда Капитал” иҷозатнома дода шуд


Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ба ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ташкилоти амонатии қарзии хурди “Зинда Капитал” барои фаъолияти ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ҷиҳати анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 1331

03.07.2025

Возврат к списку