Дар бораи ба муомилот баровардани пулҳои коғазии барориши солҳои 2024 ва 2025

Ахбор

Дар бораи ба муомилот баровардани пулҳои коғазии барориши солҳои 2024 ва 2025


Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” бо мақсади таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2024-ро бо арзишҳои номиналии 200 ва 500 сомонӣ ва барориши соли 2025-ро бо арзишҳои номиналии 20, 50 ва 100 сомонӣ ба муомилот мебарорад.

ПУЛ БАРОИ СОМОНА.jpg

Қобили қайд аст, ки пулҳои коғазии намуна ва бароришҳои солҳои 2024 ва 2025 бо арзишҳои номиналии 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ дар қатори пулҳои коғазии Бонки миллии Тоҷикистон бо арзишҳои номиналии 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ, ки дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш менамоянд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 2252

03.07.2025

Возврат к списку