2 июли соли 2025 дар доираи 23-юмин нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ (IFSB) муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода бо дабири кулли ин Шуро ҷаноби Ғиёс Шабсиғ мулоқот намуд. Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ, пешбурди молияи исломӣ, татбиқи стандартҳои байналмилалии IFSB, инчунин таҳияи заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои барориши сукук (коғазҳои қиматноки исломӣ), дастрасӣ ба захираҳои техникиву молиявӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи молия ва бонкдории исломӣ табодули назар намуданд.
Муовини якуми раиси БМТ Фируз Шарифзода зикр намуд, ки рушди молияи исломӣ дар кишвар ҳамчун як самти стратегии афзалиятнок барои фарогирии молиявӣ, диверсификатсияи бахши молиявӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои мутобиқ ба принсипҳои молияи исломӣ аҳаммияти калон дошта, Тоҷикистон дар ин самт, аз ҷумла дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, омӯзиши мутахассисон ва татбиқи маҳсулоти исломӣ корҳои назаррас анҷом додааст.
Дар навбати худ дабири кулли IFSB ҷаноби Ғиёс Шабсиғ омодагии Шуроро барои таҳияи стандартҳо, баргузории омӯзишҳои муштарак, дастгирии техникӣ ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ баён намуд.
Зимни суҳбат инчунин қайд гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон на танҳо мақоми танзимкунандаи низоми бонкӣ, балки мақоми танзимкунандаи соҳаи суғуртаи кишвар, аз ҷумла суғуртаи исломӣ (такафул) низ мебошад. Дар робита ба ин, ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки дар омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар соҳаҳои такафул, сукук, фишангҳои монетарии исломӣ ва технологияи молиявии исломӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кумак расонида мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2010 узви IFSB буда, намояндагони он дар гурӯҳҳои кории созмон фаъолона ширкат меварзанд. Ҳамкории БМТ бо IFSB ба таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва танзиму назорати молияи исломӣ дар кишвар мусоидат менамояд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 3490
04.07.2025