9 июли соли 2025 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ба муносибати ба охир расидани ваколати мудири пешин ва таъини мудири нави Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (SECO) бо ҳайати ин ниҳод мулоқот намуд.
![NBTL5259[1].jpg NBTL5259[1].jpg](/upload/medialibrary/506/3k0e7h3gnrd2lmm7a37vcgwj5echo7x7/NBTL5259[1].jpg)
Фирдавс Толибзода зимни вохӯрӣ фазои мулоқотро рамзӣ унвон намуда, изҳор дошт, ки “мо шарафмандем, ки шарик ва дӯсти арзандаи кишварамон – хонум Саломе Штайбро гусел ва директори нави Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Дениз Люсиро истиқбол мегирем”. Ба хонум Саломе Штайб барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Конфендератсияи Швейтсария арзи сипос карда шуда, сайъу кӯшиши номбурда дар рушди устувори мамлакат, ҳамкории самарабахш бо бахши молиявӣ, бахусус бо Бонки миллии Тоҷикистон дар самти таҳкими иқтидори низоми бонкӣ, мусоидат ба шаффофият ва дастгирии ислоҳот махсус таъкид гардид.
Сипас раиси Бонки миллии Тоҷикистон хонум Денис Люсиро ба муносибати таъин гардидан ба ин вазифаи масъулиятнок табрик карда, изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо SECO минбаъд низ аз рӯи принсипҳои эҳтироми ҳамдигар, эътимод ва муколамаи созанда рушд хоҳад кард.
![NBTL5242[1].jpg NBTL5242[1].jpg](/upload/medialibrary/8da/6ujqhk3mpjv1ami06hzllrntbxqkmqu2/NBTL5242[1].jpg)
Қайд гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои татбиқи ташаббусҳои нав, ки ба рушди устувори иқтисодии кишвар, хусусан ислоҳоти бахши бонкӣ нигаронида шудаанд, ба муколама бо шарикони байналмиллалии рушд омода буда, дар ин самт ба дастгирии SECO ҳамчун яке аз муассисаҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ умед мебандад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба тақвияти ҳамкории тарафайн бо истифодаи самараноки зарфиятҳои мавҷудбуда ва самтҳои гуногуни ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд.
P.S: Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SECO) як бахши котиботи давлатии Конфедератсияи Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ буда, ҳадафи он истифодаи таҷрибаҳои сиёсати иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар доираи лоиҳаҳои SECO бо кишварҳои шарик ва ба ин васила мусоидат дар рушди иқтисодии ин кишварҳо ба ҳисоб меравад.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 3418
10.07.2025