Ахбор

Дар бораи ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҳумо Бонк”


Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” бинобар табдилёбӣ ба бонк ба ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҳумо Бонк” барои фаъолияти бонкӣ ҷиҳати анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.

NBTL6222.jpg

Иҷозатномаи ҶСП ТАҚХ “Ҳумо”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон 11 майи соли 2017 таҳти №51 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 3229

23.07.2025

Возврат к списку