17 июли соли 2025 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода намояндаи доимии Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Гази Шбакайтро, ки ба ин вазифа нав таъин гардидааст, қабул намуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода аз ҳамкории судманди ХБА ва дастгирии ин ниҳоди бонуфузи байналмилалии молиявӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷаноби Гази Шбакайтро ба муносибати таъин шудан ба ин вазифа табрик кард. Гуфта шуд, ки “Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти Хазинаи Байналмилалии Асъор ҳамчун шарики стратегии кишвар дар мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ баҳои баланд медиҳад. Мо итминон дорем, ки таҷрибаи ғании Шумо дар таҳкими минбаъдаи ҳамкории ХБА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда хоҳад гузошт”.
Дар идома ҷонибҳо оид ба нишондиҳандаҳои оморӣ ва тамоюли мусбати рушди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI) ҳамчун воситаи муҳимми пешбурди ислоҳоти сохторӣ, такмили сиёсати пулию қарзӣ ва дигар самтҳои ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд.
Зикр гардид, ки тули зиёда аз 30 сол Хазинаи Байналмилалии Асъор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ислоҳот, таҳкими суботи макроиқтисодӣ ва рушди бахши молиявӣ ҳамаҷониба кумак расонида, барномаҳои муштарак ва машваратҳо бо коршиносони ХБА имкон доданд, ки дар шароити душвор ҳам устувории иқтисодӣ нигоҳ дошта шавад. Бо назардошти гуфтаҳои боло ҷонибҳо изҳор доштанд, ки минбаъд низ ҳамкорӣ тақвият хоҳад ёфт.
Дар фарҷом, Фирдавс Толибзода ба намояндаи доимии Хазинаи Байналмилалии Асъор дар фаъолияти корӣ комёбиҳо таманно карда, омодагии ҳамешагии Бонки миллии Тоҷикистонро барои муколамаи созанда ва ҳамкории судманд баён намуд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2654
21.07.2025