Ахбор

Мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон


24 июли соли 2025 муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо намояндаи доимии навтаъини Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Гази Шбайкат мулоқот анҷом дод.

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Шбайкатро ба кишвар хайрамақдам гуфта, ӯро бинобар расман ба уҳда гирифтани вазифаи намояндаи доимии ХБА табрик намуд.

Қайд гардид, ки ҳузури доимии намояндаи ХБА дар Тоҷикистон ба тақвияти муколамаи доимӣ ва қабули саривақтии қарорҳои муҳимми сиёсӣ мусоидат хоҳад кард. Дар ин замина, умедворӣ ба ҳамкории самаранок, хусусан дар самти татбиқи ислоҳоти сохторӣ дар доираи барномаҳои муштараки ХБА таъкид гардид.

photo_2025-07-24_13-06-36 (2).jpg

Муовини якуми Сарвазир нақши муҳим ва саривақтии Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI)-ро дар раванди пешбурди ислоҳоти сохторӣ, тақвияти сиёсати пулию қарзӣ ва боло бурдани шаффофияти молиявӣ махсус қайд намуд. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ду марҳилаи баррасии ин барномаро бомуваффақият анҷом додааст, ки натиҷаи дуруст иҷро шудани уҳдадориҳои ҳукумат дар доираи барномаи мазкур мебошад.

28.07.2025.jpg

Ҷониби Тоҷикистон инчунин омодагии худро ҷиҳати идомаи ислоҳоти фарогир, хусусан дар соҳаҳои беҳсозии фазои сармоягузорӣ, рақамикунонии иқтисод, густариши фарогирии молиявӣ ва энергетикаи устувор таъкид намуд.

Дар фарҷоми суханронӣ, Холиқзода Ҳ.Ҳ. иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар раванди ислоҳоти иқлимӣ зикр карда, ҳифзи пиряхҳо ва муҳити зистро ҳамчун масъалаи дорои аҳаммияти ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд. Дар ин замина, Ҳукумати Тоҷикистон таваҷҷуҳи ХБА-ро ба масъалаҳои иқлим баҳои баланд дода, зарурати истифодаи воситаҳои мавҷудаи молиявиро ба хотири пуштибонии ташаббусҳои сабзи Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард.

Маврид ба зикр аст, ки дар мулоқоти мазкур раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад низ ширкат дошт.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 3846

24.07.2025

Возврат к списку