29 июли соли 2025 дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти бонк бо ҳайати ширкати байналмилалии Visa International Service Association баргузор гардид. Дар вохӯрӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс, ноиби президент ва директори минтақавии ширкати Visa дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Санжар Сулейманов, инчунин директор оид ба ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии кишварҳои Осиёи Марказии ин ширкат Жанна Дюсенбина иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба масоили рушди хизматрасониҳои муосири рақамӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва тақвияти ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии низоми байналмилалии Visa табодули афкор намуданд.
Зимни суҳбат гуфта шуд, ки ширкати Visa бо мақсади таъмини дастрасии васеи аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, мусоидат ба вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар кишвар, аз ҷумла иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” тибқи Нақшаи тиҷоратии рушди низоми пардохтии Visa дар Тоҷикистон роҳандозӣ ва тавсеаи як қатор хизматрасонӣ ва технологияҳои нави пардохтиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар, ки иштирокчии низоми пардохтии мазкур мебошанд, пешбинӣ намудааст.
Таъкид гардид, ки хизматрасониҳои нави низоми пардохтии “Visa”, ба монанди интиқоли маблағҳо бо рақамҳои телефонӣ Visa+, низоми Google Pay ва GarminPay тавассути телефонҳои дорои Android ва соатҳои ҳушманди Garmin, пешниҳоди кешбэк барои пардохтҳои тавассути Google Pay бо кортҳои Visa анҷомдодашуда ва кам кардани андозаи ҳаққи интерченҷ барои пардохти баъзе намудҳои хизматрасониҳои давлатӣ ба манфиати истифодабарандагон буда, ба зиёд гардидани ҳиссаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва оммавӣ гаштани воситаҳои муосири пардохт дар муомилоти пулии кишвар мусоидат хоҳанд кард.
Дар фарҷоми мулоқот раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз ташаббусҳои ширкати Visa International Service Association барои мусоидат ба рушду тавсеаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ истиқбол намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкории судманд дар самти рушди инфрасохтори муосири молиявӣ дар кишвар баён дошт.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 3421
30.07.2025