Санаи 1 августи соли 2025 тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №26/10-315 аз 10.07.2025 дар бораи ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ ва назорати суғурта дар нимсолаи якуми соли 2025 баргузор мегардад.
Бо мақсади таъмини дастрасии намояндагони воситаҳои ахбори омма ба натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ ва назорати суғурта дар нимсолаи якуми соли 2025 маълумоти заруриро қабл аз баргузории нишасти матбуотӣ нашр менамоем.

Шуъбаи матбуот
Диданд: 2958
30.07.2025