Ахбор

Шарҳи мухтасар оид ба натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2025


1 августи соли 2025, мутобиқ ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2025, дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки раиси бонк Толибзода Фирдавс, муовини якуми раис Шарифзода Фируз, муовинони раис Назирӣ Гулбаҳор, Муродализода Далер, муовини сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Нуралӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

1.JPG     

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс зимни суханронӣ изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 фаъолияти худро тибқи қонунгузории соҳавӣ ва вазифагузориҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бармеоянд, инчунин дар асоси “Самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 ва давраи миёнамуҳлат” роҳандозӣ намуд.

2.JPG  

Дар нимсолаи якуми соли 2025 сатҳи таваррум 1,8 фоизро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,1 банди фоизӣ кам мебошад. Таварруми солона бошад, дар моҳи июни соли ҷорӣ дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок (5 фоиз ± 2 б.ф.) қарор дошта, 3,6 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,1 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати танзими ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии сатҳи пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва коҳиш додани фишорҳои таваррумии монетарӣ 61 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматнокро ба маблағи 12,4 млрд сомонӣ баргузор кард. Дар ин давра аз ташкилотҳои қарзӣ тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ маблағҳои озод ҷалб карда шуданд, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз 1,3 млрд сомониро ташкил менамоянд.

Меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги калидии сиёсати пулию қарзӣ бинобар идома ёфтани раванди муътадили сатҳи нархҳои дохилию ҷаҳонии молу маҳсулот, дурнамои мусбати нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, арзёбии коҳиш ёфтани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёт, инчунин аз доираи ҳадафи муқарраргардида паст қарор доштани сатҳи таваррум дар ин давра тадриҷан 0,75 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 8,25 фоизи солона муқаррар гардид.

3.JPG     

Қайд гардид, ки қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба андозаи 9,4 фоиз устувор гардид. Дар ҳамин давраи соли 2024 устуворшавии ин нишондиҳанда 2,7 фоизро ташкил медод. Бо назардошти вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳон дар ин давра қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарики асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир ёфт. Аз ҷумла, қурби рубли Федератсияи Россия 22,8 фоиз, рубли Беларус 14,6 фоиз, тангаи Қазоқистон 0,6 фоиз, сӯми Ӯзбекистон 2,1 фоиз, юани Чин 0,4 фоиз устувор гардида, лираи Туркия 12,6 фоиз ва соми Қирғизистон 0,5 фоиз нисбат ба доллари ИМА коҳиш ёфт.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 30 июни соли 2025 дар маҷмуъ 65 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 15 бонки анъанавӣ, 1 бонки исломӣ, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 23 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 ташкилоти қарзии хурд ва 22 фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд. Теъдоди воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар санаи ҳисоботӣ ба 1 942 адад баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 43 адад зиёд аст.

Дороиҳо ва уҳдадориҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар интиҳои моҳи июни соли 2025 ба 52,2 млрд сомонӣ ва 42,1 млрд сомонӣ баробар шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мувофиқан 26,8 фоиз (ё 11,0 млрд сомонӣ) ва 27,0 фоиз (ё 8,9 млрд сомонӣ) зиёд мебошанд. Сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба санаи 30 июни соли 2025 ба 10,1 млрд сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин санаи соли 2024 ба андозаи 2,1 млрд сомонӣ ё 25,7 фоиз зиёд шудааст.

4.JPG    

Ба санаи 30 июни соли 2025 бақияи умумии пасандозҳо 29,3 млрд сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин санаи соли гузашта 39,0 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии бақияи пасандозҳо аз рӯи ҳисса бо пули миллӣ 59,4 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 40,6 фоизро ташкил намуд. Дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо ҳиссаи шахсони ҳуқуқӣ 12,7 млрд сомонӣ ё 43,5 фоиз ва ҳиссаи шахсони воқеӣ 16,6 млрд сомонӣ ё 56,5 фоизро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми қарзҳои додашуда 13,7 млрд сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3,1 млрд сомонӣ ё 28,9 фоиз зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда ба соҳаҳои истеъмолот 49,8 фоиз, савдои хориҷӣ 15,1 фоиз, кишоварзӣ 12,6 фоиз, саноат 9,3 фоиз, хизматрасонӣ 6,4 фоиз, сохтмон 3,6 фоиз ва дигар соҳаҳо 3,2 фоиз рост меояд.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда 27,7 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, маблағи 3,8 млрд сомониро ташкил додааст. Дар ин давра ба маблағи 10,2 млрд сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,0 фоиз зиёд мебошад. Фоизи миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ бо пули миллӣ 22,4 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,8 фоизро ташкил дод.

5.JPG

Меъёри кифоятии сармоя, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии устувории молияви низоми бонкӣ ба ҳисоб меравад, ба санаи 30 июни соли ҷорӣ 23,8 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба талаботи муқарраршуда (12 фоиз) 11,8 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Гуфта шуд, ки то санаи 30 июни соли 2025 миқдори умумии кортҳои пардохтии бонкӣ 9,1 млн ададро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 20,5 фоиз (1,6 млн адад) зиёд мебошад. Инчунин, дар ҳамин давра шумораи умумии ҳамёнҳои электронӣ ба 15,7 млн адад баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 50,8 фоиз (5,3 млн адад) афзоиш ёфтааст.

Ба санаи ҳисоботӣ барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ 12 369 адад терминали электронӣ насб гардидааст, ки нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 7,2 фоиз (833 адад) зиёд мебошад. Аз шумораи умумии терминалҳо 5 659 адад махсус барои қабули пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ истифода мешаванд, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли гузашта 6,9 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар муассисаҳои савдою хизматрасонии ҷумҳурӣ 25 388 ҳазор QR–рамзи ягона насб карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 54,1 фоиз (8 916 адад) зиёд мебошад. Аз шумораи умумии QR–рамзҳо 3 922 адад махсус барои қабули пардохтҳои хизматрасонии муздноки давлатӣ пешбинӣ шудаанд ва нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли гузашта 44,4 фоиз (1 205 адад) афзоиш ёфтааст. Илова ба ин, барои пур кардани суратҳисобҳои кортӣ, пардохти молу хизматрасониҳо ва анҷом додани дигар хизматрасониҳои бонкӣ дар қаламрави кишвар 7,6 ҳазор терминали худкори худхизматрасон насб карда шудааст.

7.JPG    

Дар моҳҳои январ-июни соли 2025 бо истифода аз воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) 56,3 млн амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи 19,4 млрд сомонӣ гузаронида шуд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аз рӯи шумора 34,9 фоиз ва аз рӯи ҳаҷми амалиёт 51,0 фоиз афзоиш ёфтаанд. Таносуби ҳаҷми амалиётҳои гирифтани пули нақд ва пардохтҳои ғайринақдии молу хизматрасонӣ бо истифода аз воситаҳои электронии пардохтӣ дар ин давра 71,8 фоиз ба 28,2 фоизро ташкил дода, ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 банди фоизӣ зиёд гардидааст.

Вобаста ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 907 муроҷиат, аз ҷумла 488 адад тавассути телефони боварӣ, 215 адад қабули шахсӣ (қабули шаҳрвандон), 187 адад бо тариқи хаттӣ ва 17 адад тариқи почтаи электронӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ворид гардид, ки тибқи тартиби муқарраршуда сари вақт баррасӣ гардиданд.

Зимнан қайд гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, аз қабили Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Бонки рушди Авруосиё, фондҳои байналмилалӣ, бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва сохторҳои бонкии кишварҳои хориҷӣ ҳамкории судманд ба роҳ мондааст.

NBTL6407.JPG    

Дар давраи ҳисоботӣ Шурои иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор доир ба машварати моддаи IV ва шарҳи дуюми татбиқи Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат барои Тоҷикистон дар соли 2025 изҳорот дода, нишондиҳандаҳои иқтисодии кишварро мусбат арзёбӣ намуд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ дар нимсолаи якуми соли 2025 ба низоми бонкии кишвар 3,0 млрд доллари ИМА сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 79,0 фоиз зиёд мебошад.

Инчунин, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ширкати байналмилалии рейтингии “Standard & Poor's” рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи “B” бо дурнамои “устувор” ва ширкати байналмилалии рейтингии “Moody’s” рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар дараҷаи “B3” бо дурнамои “мусбат”тасдиқ намуд. Интишор намудани ҳисоботҳои рейтингӣ ба ҷалби сармояи хориҷӣ, бахусус ба низоми бонкии кишвар, беҳтар гардидани мавқеи кишвар дар ҳисоботҳои байналмилалӣ, воридшавӣ ба бозорҳои фондии байналмилалӣ, таъмини фазои сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

Дар қисмати саволу ҷавоби нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма ба саволҳо оид ба Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, захираҳои байналмилалӣ ва сохтори асъории он, таваррум, қурби асъор, дедоларикунонии иқтисодиёт, тадбирҳо оид ба вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, пешниҳоди навъҳои гуногуни хизматрасониҳои пардохтӣ, қарзҳо барои рушди соҳибкории занону бонувон, интиқоли маблағҳо, фоизи қарзҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми низоми бонкӣ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар ҷамъбасти нишаст ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои ҳамкории судманд, инъикоси воқеъбинонаи фаъолияти низоми бонкӣ миннатдорӣ баён намуда, барои боз ҳам тавсеа бахшидани ҳамкориҳои самарабахш омодагии Бонки миллиро изҳор дошт.

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

Telegram  Facebook

Диданд: 8347

01.08.2025

Возврат к списку