Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” бинобар табдилёбӣ ба бонк, ба ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Васл Бонк” барои фаъолияти бонкӣ ҷиҳати анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.
Иҷозатномаи ҶДММ ТҚҒ “Васл”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон 30 декабри соли 2022 таҳти №151 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 1172
31.07.2025