Ахбор

Барои намояндагони ташкилотҳои суғуртавӣ машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуд


Рӯзҳои 6-7 августи соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон барои сармуҳосибон ва шахсони масъули ташкилотҳои суғуртавӣ дар мавзуи “Меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавӣ ва идоракунии онҳо дар низоми суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ доир гардид.

NBTL6690.JPG

Ҳадаф аз баргузории семинар муаррифии таҷрибаи байналмилалӣ дар ташаккул ва идоракунии захираҳои суғуртавии ташкилотҳои суғуртавӣ буда, ба ин васила ба намояндагони ташкилотҳои суғуртавӣ санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа -“Тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавӣ”, ки бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ таҳия ва қабул гардидааст, шарҳ дода шуд.

Маврид ба зикр аст, ки захираҳои суғуртавӣ дар фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ дар баробари сармояи оинномавӣ қисми муҳимми устувории молиявӣ арзёбӣ гардида, унсурии асосии пардохтпазирӣ дар назди суғурташавандагон маҳсуб меёбанд.

Машғулияти омӯзишӣ дар доираи кӯмаки техникии Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико роҳандозӣ гардида, барои муаррифӣ ва омӯзиши тартиби ташаккул ва баҳисобгирии муҳосибии захираҳои суғуртавӣ коршиносони байналмилалӣ Карина Тоселли ва Ҷош Линг ҷалб шудаанд.  

Шуъбаи матбуот

 

Telegram  Facebook

Диданд: 2638

08.08.2025

Возврат к списку