Ахбор

Боздид аз филиали Бонки федералии Олмон дар шаҳри Мюнхен


Ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раис - Толибзода Фирдавс Назримад 5 августи соли равон зимни сафари корӣ ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз филиали Бонки федералии Олмон (Бундесбонк) дар шаҳри Мюнхен дидан намуд. Дар ин вохӯрӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо Президенти шуъбаи минтақавии бонки мазкур дар Бавария ҷаноби Райнхолд Фолбрахт ва директори шуъбаи минтақавии бонки номбурда дар шаҳри Мюнхен хонум Мишел Кройссер мулоқот дошт.

Мюнхен.jpg  

Сафар дар доираи таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва табодули таҷриба байни бонкҳои марказӣ сурат гирифта, дар ҷараёни боздид, ба фаъолияти маркази хазинавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Дар идомаи ташриф намояндагони Бундесбонк ба ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон доир ба технологияҳои муосири равандҳои коркард, низомҳои амниятӣ ва интиқоли пули нақд маълумоти муфассал пешниҳод намуда, масъалаҳои марбут ба назорати сифати банкнотаҳо ва мубориза бо пулҳои қалбакӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз фароҳам овардани имкони шиносоӣ бо таҷрибаи пешрафта изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард: «Мо ҳамкориро бо ҳамкасбони олмонии худ ниҳоят қадр мекунем ва итминон дорем, ки таҷрибаи андӯхташуда ба такмили минбаъдаи фаъолияти мо, бахусус дар масъалаҳои танзиму назорати гардиши пул ва таъмини амнияти он мусоидат хоҳад кард».

Мюнхен.jpg 01.jpg  

Дар навбати худ, роҳбарияти филиали Бонки федералии Олмон дар шаҳри Мюнхен низ аҳаммияти ҳамкориҳои байналмилалиро барои нигоҳ доштани суботи низоми молиявӣ таъкид намуд.

Дар фарҷоми боздид, ки дар фазои хуби ҳамдигарфаҳмӣ гузашт, ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикӣ ва идомаи табодули таҷриба дар самтҳои калидии фаъолияти бонкҳои марказӣ баён намуданд.

Шуъбаи матбуот

 

Telegram  Facebook

Диданд: 4000

11.08.2025

Возврат к списку