Ахбор

Мулоқоти маҷозӣ бо “Column Bank” ва Шурои тиҷоратии ИМА


15 августи соли 2025 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ташаббус ва дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Шурои тиҷоратии ИМА бо намояндагони “Column Bank” мулоқоти маҷозӣ анҷом дод.

NBTL6934.JPG   

Зимни мулоқот ҷонибҳо бо ишора ба робитаҳои дӯстона ва шарикии доимӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар давоми зиёда аз 30 соли Истиқлоли давлатӣ қайд намуданд, ки ҳоло ҳам имкониятҳои зиёди татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ вуҷуд доранд. Ҷонибҳо инчунин доир ба ислоҳот дар низоми бонкии кишвар табодули назар намуданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз намояндагони “Column Bank” даъват ба амал овард, ки ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ бо бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ифтитоҳи ҳисобҳои мустақими муросилотӣ саҳмгузорӣ намоянд. Қайд гардид, ки дар ин раванд дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ ва шароити зарурӣ пурра фароҳам оварда шуда, риояи қатъии стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла талаботи тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ) таъмин мегардад.

NBTL6939.JPG   

Дар анҷом ҷонибҳо изҳори умедворӣ карданд, ки натиҷаи мулоқот ба густариши ҳамкории байни низомҳои бонкии Тоҷикистону ИМА ва робитаҳои нави молиявӣ мусоидат хоҳад кард.

PS: “Column Bank” (Column N.A.) — бонки миллии ИМА буда, махсус барои таҳиягароне (девелоперҳо), ки маҳсулоти молиявиро ба таври барномавӣ эҷод ва идора мекунанд, таъсис дода шудааст. Он дорои платформаи худ, системаи асосии бонкдорӣ ва пайвасти мустақим бо Бонки федералии захиравӣ мебошад.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 3183

15.08.2025

Возврат к списку