Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади интихоби ширкати аудиторӣ ҷиҳати гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии маҷмуии бонк барои солҳои молиявии 2025-2029 озмун эълон менамояд.
Озмун дар доираи даҳгонаи ширкатҳои аудитории эътирофшудаи байналмилалӣ маҳдуд мегардад.
Муҳлати пешниҳоди дархостҳо ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 1 сентябри соли 2025 муқаррар шудааст.
Аз ширкатҳои аудиторие, ки барои иштирок дар озмун таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки дархостҳои худро лутфан ба нишонии зерин ирсол намоянд:
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1,
Бонки миллии Тоҷикистон, Департаменти аудити дохилӣ,
тел.: +(992 44) 600 31 86, +(992 44) 600 46 69,
е-mail: inematzoda@nbt.tj
Маълумоти асосӣ дар бораи хизматрасонӣ ва шароити кор дар Замимаи 1 баён шудааст.
Диданд: 2502
18.08.2025