Ахбор

Дар бораи ҶДММ ТАҚХ “Доро Молия”


Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» бинобар тағйир ёфтани номи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди “Доро Пей” ба ҶДММ ТАҚХ “Доро Молия” бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, тавассути азнавбарасмиятдарорӣ ҷиҳати анҷом додани амалиёти бонкӣ иҷозатнома дода шуд.

Иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Доро Пей” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 05 июни соли 2025, №75 дода шудааст, бозхонд ва аз эътибор соқит гардид.

Шуъбаи матбуоти
БМТ

Telegram  Facebook

Диданд: 2928

19.08.2025

Возврат к списку