Ахбор

Мулоқоти маҷозӣ бо таҳлилгарони ширкати байналмилалии рейтингии “Moody’s Investors Service”


Дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо таҳлилгарони ширкати рейтингии байналмилалии “Moody’s Investors Service”, ки рӯзи 19 августи соли равон тариқи маҷозӣ баргузор гардид, масъалаҳои рушди низоми бонкӣ, вазъи макроиқтисодӣ ва самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар доираи баҳодиҳии рейтинги навбатӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба тамоюлҳо дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва миллӣ, устувории низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, динамикаи нишондиҳандаҳои низоми бонкӣ, сиёсати пулию қарзӣ, оморӣ, нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва самтҳои калидии ҳамкории минбаъда табодули андеша намуданд.

NBTL7069.JPG  

Зимнан, бо ишора ба афзоиши эътимоди сармоягузорон ба дурнамои иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бознигарии рейтинг ва дурнамои мусбати бархе аз кишварҳои минтақа таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пайгирона заминаи устуворро барои таҳкими эътимоди сармоягузорон гузошта, тамоми чораҳои заруриро ҷиҳати таъмини суботи молиявӣ ва амалии ислоҳоти сохторӣ, ки барои барои бознигарии рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон заминаи мустаҳкам фароҳам меорад, меандешад.

NBTL7073.JPG   

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамкории дарозмуддату созанда ва таҳлилҳои фарогир ба ширкати рейтингии байналмилалӣ миннатдорӣ баён намуда, изҳори умедворӣ кард, ки ширкати “Moody’s Investors Service” дар баррасии навбатии рейтинги қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омилҳоро ба назар мегирад.

Хотиррасон мекунем, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз 24 сентябри соли 2014 бо ширкати рейтингии байналмилалии ”Moody's Investors Service” ҷиҳати баҳогузории рейтинги қарзии сохибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 3665

19.08.2025

Возврат к списку