Рӯзҳои 19–20 августи 2025 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҷаласаи 42-юми Шурои ҳамоҳангсозии масъалаҳои омӯзиши касбии кормандони бонкҳои марказӣ (миллӣ) бо иштироки аъзои Шуро аз Бонки Россия, Бонки марказии Арманистон, Бонки миллии Ҷумҳурии Белорус, Бонки марказии Ҷумҳурии Қазоқистон, Бонки миллии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Бонки милллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳӣ сардори идораи кормандони Бонки миллии Тоҷикистон Озода Сайдвалиева дар бораи ҷаласаҳои Шурои ҳамоҳангсоз бо ишора ба марому ҳадафҳои Шуро дар ташкили чорабиниҳои омӯзишӣ дар доираи барномаҳои таълими касбии кормандони бонкҳои марказӣ (миллӣ) ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши кормандон дар самтҳои муҳимми низоми бонкӣ ва ба ин васила муҳайё сохтани фазои ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба байни бонкҳои марказӣ суханронӣ намуд.
Дар ҷаласа иштирокдорон натиҷаҳои иҷрои Барномаи таълимии омӯзиши касбии кормандони бонкҳои марказӣ (миллӣ) дар соли 2024-ро баррасӣ ва ҳисоботи Шуро оид ба ҷамъбасти фаъолияти корӣ дар нимсолаи аввали соли 2025-ро муҳокима намуданд. Ҳамзамон, аз ҷониби аъзои Шуро нақшаи корӣ барои соли 2026 тасдиқ ва роҳбарияти Шурои ҳамоҳангсоз интихоб карда шуд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 3044
21.08.2025