Аз 27 то 29 августи соли 2025 бо ташаббуси маркази омӯзишӣ – методии департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) баргузор гардид.
Дар семинар зиёда аз 50 нафар мутахассисони ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар ва намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Чорабиниро муовини директори департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон оғоз намуда, доир ба зарурати баланд бардоштани савияи тахассусӣ ва омодагӣ ба марҳилаи навбатии баҳодиҳии мутақобилаи низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт.
Дар семинар масъалаҳои муҳим, аз қабили шиносоӣ бо низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО дар кишвар, стандартҳои байналмилалии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ мубориза ба пулшӯӣ (ФАТФ) дар фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санҷиши дахлдори муштарӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ баррасӣ шуданд.
Баъдан тибқи барнома масъалаҳои пешгирии амалҳои қаллобони молиявӣ, кор бо дропп амалиётҳо ва фаъолияти дропперон, инчунин таҳлили кейсҳо бо мақсади пешгирии ҳолатҳои маблағгузории терроризм ва камбудиҳо дар фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО муҳокима гардиданд.
Иштирокдорон дар машғулиятҳои амалӣ фаъолона иштирок карда, доир ба масъалаҳои матраҳшаванда мубодилаи афкор намуданд.
Ташкилкунандагон изҳор намуданд, ки чунин чорабиниҳои омӯзишӣ минбаъд дар минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ низ баргузор хоҳанд шуд.
Диданд: 2574
01.09.2025