Ахбор

Баррасии вазъи фарогирии молиявӣ дар Тоҷикистон


27 августи соли ҷорӣ Алянси фарогирии молиявӣ (AFI) дар сомонаи худ суҳбати раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримадро нашр намуд, ки онро бо забони тоҷикӣ ба самъи хонандагони сомона пешниҳод менамоем:

Фарогирии молиявӣ дар Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ роҳи тулониро тай кард, вале дар ин самт анҷом додани корҳои зиёд ҳанӯз дар пеш аст, - иброз медорад раиси БМТ Фирдавс Толибзода.

Тайи се соли охир муҳити молиявӣ дар Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ тағйир ёфт. Имрӯз шумораи бештари одамон ба хизматрасониҳои молиявӣ дастрасӣ доранд. Нишондиҳандаҳои асосии бонкӣ, аз қабили ҷалби пасандозҳо ва додани қарз, кушодани ҳисобҳо ва анҷом додани амалиёти ғайринақдӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Ҳамгироӣ ва суботи низоми молиявии мо бештар ва шабакаи дастрасии он васеътар гардид. Дар кишвар 65 муассисаи қарзии молиявӣ фаъолият доранд, ки ин рақобат ва пешниҳоди хизматрасониҳои муосирро афзоиш додааст.

         Афзалиятҳои равиши стратегӣ ба фарогирии молиявӣ

Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ (СМФМ) барои солҳои 2022–2026 дар пешрафти фаъолият нақши муҳимро адо намуд. Ин стратегия чор самти асосиро дар бар мегирад:

1. Каналҳои дастрасӣ ва хизматрасониҳои рақамии молиявӣ;

2. Гуногуншаклии маҳсулоти молиявӣ;

3. Ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони молиявӣ;

4. Саводнокии молиявӣ.

То имрӯз 90 фоизи нишондиҳандаҳои марбут ба дастрасӣ ва 81 фоизи нишондиҳандаҳои марбут ба истифода аз хизматрасонӣ иҷро шудаанд ва дар соҳаҳои гуногун пешравиҳои назаррас дида мешавад:

- 11 маротиба афзоиш ёфтани шумораи муштариёне, ки бо истифода аз телефонҳои мобилӣ ё интернет ба ҳисобҳои худ дастрасӣ пайдо мекунанд;

- нишондиҳандаи банкоматҳо аз ҳадафи муқарраршуда 34 фоиз бештар шуд;

- нишондиҳандаи терминалҳои савдои электронӣ аз ҳадафи муқарраршуда 14 фоиз зиёд гардид;

- шумораи муштариёне, ки пардохти рақамӣ анҷом додаанд ё қабул кардаанд, 260 фоиз афзоиш ёфт;

- шумораи муштариёне, ки бо истифода аз ҳисоби ташкилотҳои молиявӣ пардохти хизматрасониҳои коммуналиро анҷом додаанд, 167 фоиз зиёд гардид.

СМФМ ба афзоиш додани имкониятҳи занону ҷавонон ва таъмин намудани баробарии гендерӣ равона шудааст. Тайи солҳои 2020–2024 ташкилотҳои бонкӣ ба занон дар маҷмуъ зиёда аз 2 миллиард доллар қарз додаанд. Танҳо соли гузашта 18 968 қарз ба занони соҳибкор дода шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 27 фоиз зиёд аст. Ин қарзҳо ба ҷалби занони бекор ба соҳибкорӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии онҳо ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ мусоидат намуданд.

         Пешбурди хизматрасониҳои рақамии молиявӣ

Соли 2022 Бонки миллии Тоҷикистон низоми ягонаи QR-рамзро ҷорӣ намуд, ки он барои дастрасии пардохтҳои рақамӣ, бехатар ва самаранок анҷом додани онҳо шароити мусоид фароҳам овард. Ин низом, ки ба стандарти байналмилалии EMV (Europay, Mastercard, Visa) мутобиқ аст, соли 2023 ба низоми миллии пардохти фаврӣ ҳамгиро шуд.

Ҳамон сол тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуд, ки пардохти ҳама гуна андозҳо, боҷҳо ва хизматрасониҳои давлатӣ танҳо ба таври ғайринақдӣ анҷом дода шавад ва ин барои таҳкими инфрасохтори миллии пардохт ва коҳиш додани вобастагӣ аз муомилоти нақдӣ иқдоми муҳим арзёбӣ гардид. Оғози кори Google Pay дар соли 2024 низоми пардохтҳои рақамиро боз ҳам вусъат бахшид, ки ба истифодабарандагон имкон медиҳад бо телефонҳои дорои технологияи NFC пардохтҳоро тариқи ғайринақдӣ анҷом диҳанд.

БМТ заминаи меъёрии ҳуқуқиро дар самти хизматрасониҳои рақамии молиявӣ (ХРМ) таҳия намуд, ки дар он қоидаҳои мушаххассозии фосилавӣ ва мушаххассозии тарафи сеюм (барои кушодани ҳисоб ва дигар хизматрасониҳо), талаботи ягона барои ҳамгироии кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва истифодаи QR-рамзи ягона пешбинӣ шудаанд. Доираи хизматрасониҳое, ки тавассути каналҳои ХРМ пешниҳод мешаванд, муайян гардида, чораҳои ҳавасмандгардонии шабакаҳои дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявии рақамӣ таҳия ва пайвастшавии тиҷорати электронӣ ба низомҳои мутамаркази пардохт таъмин карда шуданд.

Дар натиҷаи ин ислоҳот, шумораи амалиёти рақамӣ дар саросари кишвар босуръат афзоиш меёбад. Танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2025 беш аз 56,3 миллион амалиёти ғайринақдӣ ба маблаги зиёда аз 2 миллиард доллар бо истифода аз воситаҳои электронии пардохт (кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) анҷом дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи шумора 34,9 фоиз ва аз рӯи ҳаҷм 51,0 фоиз зиёд мебошад. Инчунин, бо зиёд шудани ҳамгироии муассисаҳои молиявӣ бо шабакаҳои Korti Milli (Корти миллӣ), Visa, Mastercard ва UnionPay дастрасӣ ва таъсиру нуфузи хизматрасониҳои рақамӣ низ афзоиш хоҳад ёфт.

         Нақши муҳим доштани саводнокии молиявӣ

Бо дастрас гардидани хизматрасониҳои молиявӣ муҳим он аст, ки шаҳрвандон тавонанд аз онҳо ба таври бехатар ва самаранок истифода баранд. Барои баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи молиявии аҳолӣ, бахусус миёни занон ва ҷавонон як қатор ташаббусҳо амалӣ карда мешаванд.

Аз соли 2023 то имрӯз БМТ ва шарикони он 25 фестивали саводнокии молиявӣ баргузор кардаанд, ки дар онҳо беш аз 62 000 нафар иштирок доштанд.

Дар сомонаи www.fingram.tj маводҳои таълимӣ оид ба асосҳои саводнокии молиявӣ оварда шудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Facebook, Instagram ва Telegram низ маводҳои иттилоотӣ ва видеонаворҳои омӯзишӣ оид ба масъалаҳои бонкдорӣ ва суғурта нашр мешаванд. Ҳамчунин, як қатор курсҳои омӯзиши онлайн дар мавзуъҳои молиявӣ таҳия ва барои истифода дастраси умум гардонида шудаанд.

Аз соли 2022 то имрӯз БМТ, ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ зиёда аз 3 000 чорабинии омӯзишӣ баргузор карда, дар онҳо беш аз 250 000 нафар шаҳрвандонро фаро гирифтаанд.

Барои идома додани чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ ва ҷалби дигар сохторҳои давлатӣ ва хусусӣ ба ин раванд, дар асоси Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ барои солҳои 2022-2026 лоиҳаи қарори Ҳукумат "Дар бораи Барномаи баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026–2030" таҳия шуда, то охири соли 2025 барои тасдиқ пешниҳод мегардад.

         Мушкилоти дигар дар самти фарогирии молиявӣ

Солҳои охир Тоҷикистон бо дастгирии қавии шарикон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ дар пешбурди фарогирии молиявӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Бо вуҷуди ин, мо медонем, ки барои бархурдор гардидани тамоми қишрҳои ҷомеа аз манфиатҳои хизматрасониҳои молиявӣ бояд корҳои зиёде анҷом дода шаванд.

Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, як қатор самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла таъмин намудани дастрасии баробар ба хизматрасониҳои молиявӣ дар тамоми минтақаҳо, тақвияти муҳити қонунгузорӣ ва танзимкунанда барои дастгирии молияи рақамӣ, густариши истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, афзоиши амалиёти ғайринақдӣ, маҳсулоти молиявӣ, аз ҷумла суғурта, тақвияти ҳамоҳангӣ байни бахши давлатӣ ва хусусӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ, бахусус миёни занон, ҷавонон, сокинони деҳот ва хонаводаҳои камбизоат, таваҷҷуҳи ҷиддиро талаб мекунанд.

Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкории наздик бо дигар ниҳодҳои миллӣ таҳияи қарорҳои инноватсиониро идома хоҳад дод. Самтҳои афзалиятнок барои давраи минбаъда инҳоянд:

-  зиёд намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ дар минтақаҳои дурдаст ва кӯҳистон;

-  ҷорӣ намудани механизмҳо барои беҳтар намудани андозагирии истифодаи хизматрасониҳои молиявӣ;

- афзоиш додани имкониятҳои занон, ҷавонон, соҳибкорони хурду миёна (SME), шахсони маъюб, муҳоҷирон ва хонаводаҳои камбизоат;

- баланд бардоштани сатҳи умумии саводнокии молиявӣ;

- рушди бахши FinTech;

- таҳкими заминаи меъёрии танзим барои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, бахусус дар соҳаи хизматрасониҳои рақамии молиявӣ ва суғурта.

Дар заминаи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ барои солҳои 2022–2026 ин ташаббусҳо ба рушди устувор, фарогир ва фановаришудаи молиявӣ равона шудаанд.

Аз номи Бонки миллии Тоҷикистон мехоҳам миннатдории самимии худро ба Алянси фарогирии молиявӣ (AFI) барои дастгирии доимӣ аз рӯзи аввали узвияти мо ба ин ниҳод иброз намоям. AFI дар тавсеаи дастрасии молиявӣ, пешбурди саводнокии молиявӣ ва фароҳам овардани шароити истифода ва мубодилаи таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон нақши муассир дорад.

Ба туфайли ин ҳамкорӣ Тоҷикистон аз мубодилаи дониш, имкониятҳо ва инноватсияҳои сиёсӣ дар самти рушди FinTech, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, молияи фарогири сабз, рақамисозии хизматрасониҳои молиявӣ ва пешбурди сиёсати муассир бархурдор гардид. Ин кӯшишҳо ба таҳкими заминаи танзим ва роҳандозии низоми фарогири молиявӣ, ки хонаводаҳо, соҳибкорон ва тиҷорати хурдро дар саросари кишвар дастгирӣ мекунад, мусоидат намуданд.

Мо ба шарикии худ бо AFI баҳои баланд медиҳем ва омодаем ҳамкориро барои густариш додани фарогирии молиявӣ ва афзудани имкониятҳои гурӯҳҳои осебпазир идома дода, ба рушди устувор ва инноватсионии иқтисоди Тоҷикистон мусоидат намоем.

 

Telegram  Facebook

Диданд: 2763

03.09.2025

Возврат к списку