6 сентябри соли 2025 дар Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад дар оғоз аҳли нишастро ба ифтихори 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик гуфта, қайд кард, ки дар таҳкими дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим мебошад. Таҳти раҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат асосҳои қонунии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон таъмин гардида, самтҳои сиёсати иқтисодию иҷтимоии кишвар муайян карда шуд. Аз ҷумла, ташаккули низоми бонкдории муосири Тоҷикистон бо шарофати Истиқлоли давлатӣ муяссар гардида, дар рушду таҳкими низоми бонкии мамлакат тавсияву ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат нақши калидӣ доранд. Маҳз бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар Тоҷикистон ду маротиба, яъне солҳои 1995 ва 2000-ум ислоҳоти пулӣ гузаронида шуда, кишвари мо соҳиби пули миллии худ гашт. Ба муомилот ворид шудани пули миллии сомонӣ, ки имсол 25-солагии онро таҷлил хоҳем кард, на танҳо падидаи муҳимми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, балки оғози рушду нумуи иқтисодиёт ва дигаргуниҳои мусбати ҳаёти ҷомеаи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
- Имрӯзҳо низоми бонкии мамлакат ҳамгироии худро бо низоми бонкии ҷаҳонӣ таҳкиму тақвият бахшида истодааст. Ҳоло вақти он расидааст, ки бо такя ба дигар дастовардҳои давраи Истиқлол рушди босуботи низоми бонкии кишварро мақсади асосӣ ва ҳадафи олии фаъолияти минбаъда қарор диҳем. Дар робита ба ин, кормандони низоми бонкиро лозим аст, ки ҷиҳати таъмини рушди соҳа нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро, ки барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди давлатдорӣ ва ободию тараққиёти кишвар равона шудаанд, сармашқи кори худ қарор диҳанд, - қайд намуд Толибзода Ф.Н.
Сипас, сухан ба муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло дода шуд. Номбурда ҳозиронро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ табрику таҳният намуда, қайд кард, ки Истиқлоли давлатӣ барои ҳар фарди меҳандӯст азизу муқаддас ва далел аз худшиносии милливу ватандорист. Маҳз бо шарофати Истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати озоду соҳибихтиёр гардида, забону фарҳанги тоҷикӣ ва арзишҳои миллӣ рушд ёфтанд. Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо кишварамон дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ, рушди бомароми иқтисодиёт, соҳаҳои иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ ва умуман таъмини зиндагии шоистаи мардум қадамҳои устувор мегузорад.
Баъдан, дар маросими тантанавӣ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мутахассиси департаменти назорати бонкии БМТ Бердиев М.З мукофоти давлатӣ - медали «Хизмати шоиста»-ро супорид. Зимнан таъкид гардид, ки роҳбарияти кишвар ҳар иқдому ташаббуси созанда ва заҳмати содиқонаи шаҳрвандонро қадр мекунад. Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори боварӣ кард, ки мутахассисони бонк минбаъд низ донишу таҷриба ва маҳорату малакаи худро барои рушду нумуи Ватан равона месозанд.
Дар рафти чорабинӣ, инчунин дар доираи таҷлил аз ҷашни Истиқлоли давлатӣ як қатор кормандони Дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии бонк барои хизмати шоиста ва саҳми арзанда дар рушду инкишофи низоми бонкӣ бо нишони “Аълочии Бонки миллии Тоҷикистон”, Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Дар қисмати хотимавӣ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бори дигар ҳамаи иштирокдоронро бо ҷашни фархунда ва таърихӣ табрик намуда, таъкид карданд, ки ҳар як шаҳрванди ватандӯст бояд ба қадри истиқлолият расад. Ҳифзу пос доштани он вазифаи муқаддаси наслҳои имрӯзу оянда буда, бо ваҳдат ва меҳнат Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтар мегардад.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади татбиқи амалии сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти шиносоӣ бо махзани ёдгориҳои таърихӣ ва таблиғи мероси фарҳангӣ, баъди шунидани Суруди миллӣ иштирокдорони ҷаласа ба тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон рафтанд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 3903
06.09.2025