24 сентябри соли 2025 дар мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода бо намояндагони ширкати Al Fardan Exchange (АМА) таҳти роҳбарии ҷаноби Ҳасан Ҷобир ал Фардан дурнамои самтҳои ҳамкорӣ баррасӣ гардид.
Зимни суҳбат Далер Муродализода қайд намуд, ки ҳадафи асосии Бонки миллии Тоҷикистон таъмини суботи пулию молиявӣ, таҳкими устувории низоми бонкӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори иқтисодӣ буда, роҳбарияти бонк ба ҳамкории стратегӣ бо шарикони байналмилалӣ аҳаммияти зиёд медиҳад. Дар марҳилаи кунунӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолият густариши ҳамкорӣ дар бахши муомилоти асъор ва амалиёт бо пули нақд мебошад. Дар ин замина, ҳамкории наздик бо ширкати Al Fardan Exchange метавонад ба рушди воситаҳои муосири пардохт, тақвияти робитаҳои тиҷоратию сармоягузорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозорҳои байналмилалӣ, инчунин таҳкими устуворӣ ва рақобатпазирии низоми бонкии кишвар мусоидат намояд.
Директори иҷроияи ширкати AlfaNow (зергурӯҳи ширкати Al Fardan Exchange) Ҳасан Ҷобир ал Фардан низ дар навбати худ ҳавасмандии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории судманд дар бахшҳои хизматрасонии молиявӣ, интиқоли маблағ, беҳсозии инфрасохтори низоми пардохт ва тавсеаи дастрасии молиявӣ изҳор дошт.
Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин доир ба имкониятҳои васеи ҳамкорӣ дар самти мубодилаи таҷрибаи беҳтарин ва дигар масъалаҳои низоми бонкӣ табодули назар карданд.
PS: Ширкати Al Fardan Exchange яке аз ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, беш аз 50 сол аст, ки дар бозори байналмилалӣ фаъолият менамояд ва дар бахши хидматрасонии интиқоли маблағ ва муомилоти асъор таҷрибаи зиёд дорад.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 3265
25.09.2025