Ахбор

Баргузории ҷаласаи XXI -уми Шурои ҳамоҳангсозии байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавӣ


25 сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

photo_2.jpg   

Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмононро ба шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, изҳор кард, ки иштироки фаъоли онҳо дар муҳокима ва баррасии масъалаҳои ҷаласаи навбатӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни суханронӣ қайд намуд, ки бозори суғурта дар иқтисоди ҳар кишвар нақши калидӣ дорад, он ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон ва соҳибкоронро таъмин намуда, ба рушди соҳибкорӣ ва таҳкими устувории молиявии кишвар мусоидат мекунад. Дар ин замина, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бозори суғурта яке аз унсурҳои муҳимми тақвияти иқтисоди миллӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назорати суғуртавӣ, аз соли 2017 то имрӯз ҳаҷми бозори суғурта тақрибан 4,3 маротиба афзоиш ёфта, қонунгузории дахлдори кишвар такмил дода шудааст. Инчунин инфрасохтори зарурӣ, усулҳои муосири назорат ва платформаҳои рақамии танзими равандҳои суғурта ба роҳ монда шудаанд. Табиист, ки ин гуна тадбирҳо сатҳи эътимоди шаҳрвандон ва сармоягузоронро боз ҳам зиёд менамоянд.

photo_3.jpg   

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки Шурои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ барои мубодилаи таҷриба, ҳамоҳангсозии равишҳо ва таҳияи қарорҳои муштарак ва таҳкими суботи молиявии тамоми минтақа мусоидат менамояд.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз дошт, ки мавзуъҳои мавриди баррасӣ - аз такмили қонунгузорӣ то истифодаи технологияҳои муосир, барои қабули қарорҳои мушаххас ва рушди минбаъдаи бахши суғурта дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Хотиррасон менамоем, ки ҷаласаи XXI-уми Шурои ҳамоҳангсозии байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии давлатҳои иштирокдори ИДМ ва семинари XIV-ум барои роҳбарони зерсохторҳои мақомоти назорати суғуртавии давлатҳои иштирокдори ИДМ дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025 рӯзҳои 25-26 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

photо_1.jpg   

PS: Шурои ҳамоҳангсозии байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии давлатҳои иштирокдори ИДМ бо қарори Шурои роҳбарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 3 июни соли 2005 дар бораи ташкил намудани Шурои ҳамоҳангсозии байнидавлатии мақомоти назорати суғуртавии давлатҳои иштирокдори ИДМ ташкил гардида, ҳадафи он ҳамгироии фаъолият бо мақсади рушди соҳаи суғуртаи минтақа, такмили муносибатҳои бисёрҷонибаи мақомоти дахлдори кишварҳои ИДМ, табодули таҷриба, амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ ва дигар масъалаҳо мебошад.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 3178

25.09.2025

Возврат к списку