Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти №118 аз 25 сентябри соли 2025 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” бо мақсади таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ аз санаи 26 сентябри соли ҷорӣ тангаҳои “сомонӣ” бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва “дирам” бо арзиши номиналии 20, 50 дирам барориши соли 2025 ба муомилот бароварда мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки тангаҳои “сомонӣ” ва “дирам”-и барориши соли 2025 дар қатори дигар тангаҳои дар муомилот қарордоштаи Бонки миллии Тоҷикистон баробар гардиш менамоянд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2638
29.09.2025