Ахбор

Мулоқот бо раиси Бонки марказии Туркия


28 сентябри соли ҷорӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни сафари корӣ ба Туркия бо раиси Бонки марказии Туркия ҷаноби Фатих Карахан мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳамкорӣ миёни низомҳои бонкии ҳар ду кишвар суҳбат намуданд. Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Туркия аз шарикони доимӣ ва боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, робитаҳои тиҷоративу молиявӣ миёни ҳар ду кишвар дорои заминаҳои қавӣ мебошанд.

IMG_5015.jpeg   

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни мулоқот ба ҳамтои худ оид ба дастовардҳо ва ислоҳоти чанд соли охир дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои омории низоми бонкӣ дар соли 2025, сатҳи муътадили таваррум, устувории молиявӣ ва афзоиши сатҳи эътимоди мардум маълумот дод.

Қайд карда шуд, ки ислоҳоти молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорони хориҷӣ ва таъмини муҳити молиявии шаффофу пешгӯишаванда равона шуда, солҳои охир ҳиссаи устувори иштироки сармояи хориҷӣ дар сармояи ташкилотҳои қарзии кишвар мушоҳида мешавад. “Мо ҳузур ва эҳтимоли густариши бонкҳои туркиро дар бозори худ бо самимият истиқбол мекунем, зеро иштироки онҳо ба таҳкими рақобат, ҷорӣ кардани таҷрибаи пешрафтаи молиявӣ ва дастгирии рушди устувори иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард” - таъкид намуд Толибзода Ф.

IMG_5017.jpeg    

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар анҷоми суҳбат аз раиси Бонки марказии Туркия ҷаноби Фатих Карахан барои анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварда, изҳор дошт, ки самтҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла татбиқи таҷрибаи муосири Туркия дар бахши рақамисозӣ ва технологияҳои бонкии инноватсионӣ, барои рушди низоми молиявии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мегарданд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 3335

29.09.2025

Возврат к списку