Рӯзҳои 28–29 сентябри соли ҷорӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар шаҳри Истанбул (Туркия) дар ҷаласаи 7-уми Форуми бонкҳои марказии Кумитаи доимоамалкунанда оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Созмони Ҳамкории Исломӣ (OIC-COMCEC) иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ дар мавзуи «Арзёбии пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи чор самти афзалиятноки Барномаи ОИС-2025» раиси Бонки миллии Тоҷикистон баён дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ соли охир, сарфи назар аз номуайяниҳои молиявӣ ва фазои мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳон, уҳдадории худро дар самти рушди фарогиру устувор ва суботи иҷтимоӣ нигоҳ дошта, дар пешбурди самтҳои афзалиятноки Барномаи ОИС-2025 ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ҷумла, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 32% то 20,4% коҳиш ёфта, музди миёнаи моҳона якчанд маротиба зиёд гардид. Дар бахши молия дороиҳои бонкӣ қариб се маротиба зиёд шуда, сатҳи қарзҳои ғайрифаъол ба таври назаррас коҳиш ёфт.
Дастовардҳои муҳим ҳамчунин дар самти рақамисозӣ ба қайд гирифта шуданд: шумораи муштариёни мобилӣ ва интернетӣ дар даҳ соли охир даҳҳо маротиба афзуда, ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ ба миллиардҳо доллари ИМА расид. Ин раванд имкониятҳои нави молиявиро барои аҳолӣ ва соҳибкорон фароҳам овард ва ба рушди иқтисоди рақамӣ замина гузошт.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъкид намуд, ки кишвар пайваста ба принсипҳои рушди фарогир ва суботи иҷтимоӣ такя карда, ҷонибдори таҳкими ҳамбастагии минтақавӣ ва ҳамкории дастаҷамъонаи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ мебошад.
Диданд: 1290
30.09.2025 15:00:00