Ба маълумоти соҳибон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт расонида мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли 2025 “Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ” ба фаъолият оғоз менамояд. Мақсади асосии роҳандозии Низом — рақамикунонӣ ва ҳамгироии равандҳо дар низоми суғурта мебошад, ки ба шаффофият, батанзимдарорӣ, назорати сифатнок ва ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои суғуртавӣ мусоидат менамояд.

Санҷиши мавҷудияти полиси суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт дар портали суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон https://nbt.tj/tj/sugurta/nizomi-yagonai-sugurtai-elektroni.php аз рӯйи рақами давлатии бақайдгирии воситаи нақлиёт имконпазир аст. Бо назардошти ҷузъиёти техникӣ қисме аз полисҳои амалкунандаи суғурта дар баъзе мавридҳо дар низом инъикос намеёбанд. Барои ҳалли ин масъала Telegram-канали расмӣ таъсис дода шудааст.
Дар ҳолати муваққатан мавҷуд набудани маълумот оид ба полиси амалкунандаи суғурта соҳибони воситаҳои нақлиёт метавонанд тавассути аксгирӣ полиси суғуртавии худро ба мессенҷери Telegram ба рақами +992 177 99 39 39 ирсол намоянд. Маълумоти фиристодашуда ҳамарӯза ба ташкилотҳои суғуртавӣ ирсол шуда, дар муддати 10 рӯз ба Низоми ягона ворид мегардад.
Қобили зикр аст, ки то пурра ворид гардидани ҳамаи полисҳои амалкунанда ба Низом нисбат ба соҳибони воситаҳои нақлиёт ва ронандагон ҷарима татбиқ намегардад.
Ҳангоми пайдо гардидани саволҳо ва мушкилот оид ба ирсоли аксҳои полисҳои суғуртавӣ шаҳрвандон метавонанд ба маркази тамоси “Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ”-и БМТ бо рақамҳои кӯтоҳи 3939 ҳамарӯза аз соати 08:00 то 20:00 муроҷиат намоянд.
Бонки миллии Тоҷикистон аз соҳибон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт даъват менамояд, ки полисҳои худро санҷида, дар ҳолати зарурӣ маълумотро барои воридкунии саривақтии онҳо ирсол намоянд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 3770
30.09.2025