Ахбор

Мулоқот бо Директори Хазинаи Байналмилалии Асъор


13 октябри соли 2025 дар доираи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Вашингтон (ИМА) баргузор мегардад, ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким, бо иштироки раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ХБА ва Бонки Ҷаҳонӣ Амирзода Пайрав бо директори Хазинаи Байналмилалии Асъор хонум Кристалина Георгиева мулоқот намуд.

photo_2025-10-14_06-55-13.jpg

Дар оғози мулоқот роҳбари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким паёми неку хостаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарияти ХБА расонда, ҳамзамон аз сатҳи баланди ҳамкориҳои мавҷуда миёни Тоҷикистон ва ин созмони бонуфузи байналмилалии молиявӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Ӯ зикр кард, ки бо дастгирии ХБА ва дигар шарикони рушд дар солҳои охир иқтисодиёти кишвар бо вуҷуди таҳдидҳои беруна тамоюли мусбат дошта, нишондодҳои макроиқтисодӣ устувор боқӣ мондаанд.

photo_2025-10-14_06-55-10.jpg

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили калидии рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи самараноки Барномаи воситаи ҳамоҳангсозии сиёсатҳо (PCI), имкониятҳои васеъ намудани дастгирии молиявӣ тавассути механизмҳои ХБА ва баланд бардоштани иқтидори мутахассисони сохторҳои давлатиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо ҳамчунин ба зарурати тақвияти иқтидори инсонӣ тавассути ҷалби мутахассисони ҷавон ба барномаҳои омӯзишии ХБА, инчунин рушди технологияҳои рақамӣ ва идоракунии муосири низоми молиявӣ таваҷҷуҳ карданд.

photo_2025-10-14_06-55-03.jpg

Хонум Кристалина Георгиева ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ намуда, омодагии Хазинаи Байналмилалии Асъорро барои идомаи дастгирии ислоҳоти иқтисодӣ, афзоиши иқтидори молиявӣ ва пешбурди барномаҳои устувори рушди иҷтимоию иқтисодӣ баён намуд.

Дар анҷом ҷонибҳо изҳор доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъор минбаъд низ ҳамкориҳои судмандро густариш хоҳанд дод.

Шуъбаи матбуот
БМТ

 

Telegram  Facebook

Диданд: 2116

14.10.2025

Возврат к списку