15 октябри соли 2025 бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории “Dushanbe Invest-2025” таҳти роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо иштироки сармоягузорон, соҳибкорони дохилию хориҷӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар ва бахши хусусӣ ҷаласаи панелии соҳавӣ дар мавзуи «Технологияҳои молиявӣ ва навовариҳо — муҳаррики сармоягузорӣ ба оянда» баргузор гардид.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи ҷаласа қайд кард, ки рушди технологияҳои муосири молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати молиявӣ буда, асоси рақамикунонии иқтисод ва тавсеаи сармоягузорӣ ба бахши инноватсионӣ ба ҳисоб меравад. Номбурда изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ сиёсати фарогири рушди низоми пардохт ва рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ ва молиявиро идома медиҳад.
Дар идомаи ҳамоиш намояндаи Алянси дастрасии молиявӣ Алӣ Ғиёсуддин, директори ширкати VISA дар Осиёи Марказӣ Мадиёр Шарубеков, раиси ҶСК “Алиф Бонк” Гуланор Атобек, раиси ҶСП “Фридом Банк Тоҷикистон” Даурен Насинбаев, намояндаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Наргис Подчоева, намояндаи REMIT PRIME / IFAD Нургул Торобаева, узви Шурои мудирони ҶСК “Бонки Эсхата” Юлия Валентини, намояндаи ширкати “Реал трейдинг” Муслим Дадабоев ва директори генералии ҶС «Единый фондовый брокер» Абдуворис Қаландаров суханронӣ намуданд.
Иштирокдорон масъалаҳои калидии рушди технологияҳои молиявӣ, аз ҷумла рақамикунонии низоми пардохт, истифодаи open banking, таъмини амнияти киберӣ, густариши саводнокии молиявии аҳолӣ ва имкониятҳои ҷалби сармоя ба иқтисоди рақамиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни суханрониҳо инчунин таҷрибаи байналмилалӣ дар самти ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ, ташкили муҳити рақобатпазир барои ширкатҳои технологӣ ва тавсеаи хизматрасониҳои электронӣ барои соҳибкорон ва аҳолӣ арзёбӣ гардида, зарурати тақвияти ҳамкории давлат, бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ баҳри рушди устувори бозори молиявӣ ва ҷалби бештари сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда шуд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2341
16.10.2025