Ахбор

Мулоқот бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд


15 октябри соли 2025 дар доираи ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) доктор Муҳаммад Сулаймон Ал Ҷассер мулоқот намуд.

photo_2025-10-16_06-28-57.jpg

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким дар оғози вохӯрӣ ба доктор Муҳаммад Сулаймон Ал Ҷассер барои ҳамкории судманд ва дастгирии пайвастаи Бонки Исломии Рушд дар татбиқи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар изҳори сипос намуда, қайд кард, ки Бонки Исломии Рушд тӯли солҳои ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рушди иқтисодии кишвар саҳми назаррас гузошта, тавассути дастгирии молиявӣ ва техникии худ ба татбиқи ҳадафҳои миллӣ мусоидат намудааст.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо масоили густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, рушди сайёҳӣ, бонкдорӣ, инчунин коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар ва идомаи ислоҳотро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, дар қисмати бонкдорӣ гуфта шуд, ки рушди бонкдории исломӣ яке аз самтҳои муҳимми ислоҳоти низоми молиявии кишвар дониста шуда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари фароҳам овардани заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ба таҳкими иқтидори кадрӣ ва татбиқи стандартҳои байналмилалӣ диққати махсус дода мешавад.

photo_2025-10-16_06-28-52.jpg

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо инчунин ба масъалаҳои марбут ба рушди “энергияи сабз” ва “иқтисоди сабз”, рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар бахшҳои иқтисодӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои муҳим барои рушди устувори иқтисоди Тоҷикистон баён карданд.

photo_2025-10-16_06-28-48.jpg

Маврид ба зикр аст, ки дар мулоқоти мазкур вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин, раиси Бонки милии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс, сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Маҳмуд ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ Амирзода Пайрав иштирок доштанд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 2413

16.10.2025

Возврат к списку