Ахбор

Мулоқот бо ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ


16 октябри соли равон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким бо ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антонелла Бассани мулоқот намуд. Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба вазъи макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои оморӣ, таҳкими устувории молиявӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда ва дурнамои таҳкими ҳамкорӣ дар заминаи ислоҳоти иқтисодӣ, идоракунии молияи давлатӣ, захираҳои энергетикӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дигар самтҳои таъмини рушди иқтисодӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳ.Ҳ. зимни суханронӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Бонки Ҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста дар татбиқи самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар изҳори миннатдорӣ намуд. Зикр гардид, ки тули солҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ муносибати эътимодбахш ва созанда ташаккул ёфтааст, ки имрӯз соҳаҳои муҳимми рушди кишварро аз таҳкими низоми молиявӣ ва рақамисозӣ то энергетика, инфрасохтор ва иқтисоди “сабз” фаро мегирад. Қайд карда шуд, ки ислоҳоти пай дар пай ва дастгирии шарикони байналмилалӣ ба таҳкими суботи макроиқтисодӣ ва нигоҳ доштани суръати баланди рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намудаанд. Аз ҷумла, афзоиши воқеии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар моҳҳои январ–августи соли 2025 ба 8,2 фоиз нишондиҳандаи рушди устувори иқтисоди кишвар мебошад.

Антонела Басани (2).jpg

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди бахши энергетика, татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун, густариши иқтисоди сабз баррасӣ гардиданд. Таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳои минтақа дар самти қабул ва татбиқи Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва Барномаи “Гузариши сабз” буда, омода аст, дар доираи Стратегияи нави ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ барои солҳои 2026–2031 ҳамкориро дар самтҳои рушди энергетикаи барқароршаванда, рушди захираи инсонӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва рушду тавсеаи инфрасохтор тақвият бахшад. Инчунин, дар вохӯрӣ ба масъалаи тезонидани раванд ва татбиқи саривақтии лоиҳаҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар самти рақамисозии иқтисодиёт ҳамчун самти дорои аҳаммияти стратегӣ барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус дода шуд.

Дар навбати худ, ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ хонум Антонелла Бассани омодагии ниҳоди худро ҷиҳати шомил намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаббусҳои минтақавӣ ва рушди платформаҳои нав барои ҳамгироии иқтисодӣ баён намуд. Зикр гардид, ки татбиқи ислоҳоти самтҳои афзалиятнок идома хоҳад ёфт.

Дар анҷом, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои бисёрсолаи судманд бо Бонки Ҷаҳониро омили муҳимми рушди устувори кишвар арзёбӣ намуда, барои идомаи ташаббусҳои нави муштарак ба хотири пешрафти минбаъдаи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат ҳавасманд мебошад.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 2710

17.10.2025

Возврат к списку